Баргузории намози иди Рамазон дар ҳамаи масҷидҳои кишвар

Субҳи имрӯз соати 06:30 дақиқа дар Маркази исломии Тоҷикистон бо ҳузури сокинони Душанбе ва меҳмонони пойтахт, инчунин дар ҳамаи масҷидҳои кишвар намози иди Рамазон баргузор гардид.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати анҷом ёфтани моҳи рӯзадорӣ ва фаро расидани иди Рамазон табрик намуда, баҳри иҷро кардани ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳангоми оростани дастархони идона даъват намуд.

Мавриди зикр аст дар Паёми табрикии хеш ба муносибати иди саиди Фитр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки яке аз хусусиятҳои қонуни миллии мо дар бораи танзими расму ойинҳо ҷанбаи маънавии он мебошад.

Дар қонун омадааст, ки мардум дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ороста, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дар Паёми табрикии хеш зикр карданд, ки оростани «дастархони маънавӣ» – анҷом додани корҳои хайр, аз ҷумла зиёрати падару модар, хешу ақрабо, аёдати азодорон, дуову фотиҳа ба рӯҳи гузаштагон, насиҳати фарзандон ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонону наврасон аст, ки аз анъанаҳои неку писандидаи мардуми мо ба ҳисоб меравад. Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи кишварамон мебошанд,- зикр карданд Пешвои миллат. Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем, онҳоро бо ғизои босифат, сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин намоем, дар андешаи боз ҳам беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои аҳли оилаи худ бошем.

Дар Паёмашон бахшида ба Иди саиди Фитр Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такроран таъкид карданд, ки, ки мо бояд бештар дар фикри тарбия ва таъминоти фарзандонамон бошем, онҳоро тавре тарбия намоем, ки соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, ба давлату миллат содиқ бошанд, Ватанро сидқан дӯст доранд, иродаи мустаҳкам дошта бошанд, сарзамини аҷдодии худро дар оянда соҳибӣ ва обод карда тавонанд, созанд, бунёд кунанд.

Машраб Маликов