Рӯзи 3 апрели соли 2024 дар шаҳри Новокузнески Федератсияи Россия бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии “Русско-таджикская дружба” мулоқоти судманд бо донишҷӯёни шаҳр баргузор гардидааст.
Пеш аз оғози мулоқот ба хотири эҳтироми фавтидагон дар амалиёти террористӣ даққиқаи хомушӣ эълон карда шуд.
Иштирокчиёни мулоқот дар якҷоягӣ ва ҳамовозӣ амали террористӣ дар шаҳри Москваро маҳкум намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар шароити кунунӣ аз ҳама гуна хатару таҳдидҳои муосир боэҳтиёт бошанд.
Масъулини соҳа, кормандони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон ба ҷавонон масъалаи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гуруҳҳои даҳшатафкану ифротгаро, хатарҳои замони муосир, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар миёни наврасон ва ҷавонон, густариши муносибатҳои байнимиллатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷамъиятиро ба таври озод суҳбат намуда, машварат ва тависяҳои муҳим доданд.
Дар анҷоми мулоқот саволҳо пешниҳод гардида, посухҳои мушаххас дода шуд.
Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия