Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ҷойгир аст, гулчанбар гузошт.
Дар гулчанбаргузорӣ меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад. Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Туркманистон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Раслузода мулоқот намуда, дар барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» иштирок менамояд.
АКС аз бойгонӣ