Имрӯз аз таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ду сол сипарӣ мегарад, ки ҳадафи асосӣ аз таъсиси чунин як шабакаи ҷадид, ин огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, пахши барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бедор намудани шавқи ҷомеа мебошад.
Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз 1 апрели соли 2022 дар фазои иттилоотии кишвар бо мақсади таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабару гузоришҳои муҳим, барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба ҳунарҳои мардумӣ, бедор кардани шавқи ҷомеа ба он, тарғиби самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ ва дигар самтҳои бахшҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аз оғози фаъолият ин шабака тамошои пахши барномахои телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба 51,2 фоизи ахолии мамлакат ва аз 1 уми сентябри соли 2022 мувофиқ ба талаботи имрӯза дар мохвораи Яҳсат ба роҳ монда шуд, ки ин омил имконият дод, тамошои ин шабака на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он бо сатҳу сифати баланд пешкаши тамошобин гардонида шавад, изҳор медорад, Умед Шарифзод, муовини якуми директори муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».
Бояд гуфт, ки имрӯз телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” яке аз бахшҳои муҳими инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, масъулияти ҳар як нафар корманди соҳа барои расонидани иттилои саҳеҳу дақиқ дар назди ҷомеа боз ҳам бештар мебошад. Дар иртибот ба ин Саъдӣ Ғоибов, сармуҳаррири барномаҳои иттилоотии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мегӯяд, ки бо мақсади сари вақт расонидани иттилои фаврӣ, Раёсати барномаҳои иттилоотии шабакаи мазкур ҳамарӯза бо 3 забон, забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ хабару гузоришҳо омода ва пахш мекунад. Воқеан кормандони телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тавонистанд дар мудати на он қадар тулонӣ ҷиҳти огоҳ намудани аҳолии мамлакат бо хабару гузоришҳои муҳим, барномаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби васеи табақаҳои гуногуни ҷомеа ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани шавқи ҷомеа ба он, саҳми назарас гузоранд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар баробари ин шабакаи ҷадид дар фазои иттилоотии Тоҷикистон шабакаҳои нави телевизионӣ арзи ҳастӣ карданд, ки ин бозгӯи рушду пешрафти соҳаи телевизиони тоҷик ба шумор меравад.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”