Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байнидавлатии рушди устувори Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (ICSD) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода иштирок намуд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ҳисобот оид ба корҳои анҷомдодаи ICSD дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон- солҳои 2022-2024, татбиқи қарорҳои ҷаласаи қаблии ICSD ва дигар масъалаҳои ҳамкории экологӣ дар минтақа баррасӣ гардиданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода гуфт, ки бо истифода аз тамоми имконияти муштарак мо бояд кӯшишҳоямонро барои ҳалли мушкилот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор муттаҳид намоем.
«Барои ин мо корҳои амалӣ оид ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, бахусус захираҳои фаромарзӣ дар асоси қонун ва таҷрибаи байналмилалӣ, сиёсати иқлим оид ба рушди камкарбон ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешбурди тиҷорати «сабз» ва технологияҳои «сабз», инчунин эҷоди принсипҳои интиқоли байналмилалии технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро амалӣ менамоем»,- таъкид намуд Зарафо Қиёмзода.
Дар анҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, расмиёти гузаштани салоҳияти раисӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2024-2026 амалӣ шуданд. Имсол ба таъсиси сохтори IFAS 30 сол пур мешавад. Ин сана ба давраи раёсати Тоҷикистон дар ICSD рост меояд.