Олимони Созмони миллии ҳавонавардӣ ва таҳқиқоти фазоии Амрико як сайёраи навро кашф карданд, ки он аз саёраи замин тақрибан якуним баробар бузург аст. Дар ин бора Агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад.
Ба иттилои ин расонаи хабарӣ саёраи нав аз саёраи замин дар масофаи 137 соли рӯшноӣ ҷойгир аст, ки ин аз рӯи меъёрҳои кайҳонӣ хеле наздик аст. Ба андешаи олимон сайёраи нав барои зистан имконпазир мебошад. Қисми зиёди сайёра аз об пур буда, ҳарорати муътадил дорад. Як соли саёраи мазкур 19 шабонарӯзи саёраи заминро ташкил медиҳад. Пажӯҳиш дар ин самт идома меёбад.