Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 117 иншооти варзишӣ бунёд шудааст

Аз оғози соли 2023 бо мақсади самаранок татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш Кумита бо ду усули корӣ: назариявӣ ва амалӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ин маълумотро имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумитаи мазкур Зулфиқор Гулаҳмадзода ба журналистон ироа кард.

Ҳамчунин илова гардид, ки давоми соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 117 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 87 майдончаи варзишӣ, 25 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 60 миллиону 159 ҳазору 451 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки аз ин 14 миллиону 602 ҳазору 951 сомон аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 45 миллиону 556 ҳазору 500 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон мебошад.

Бори нахуст дар таърихи варзиши кишвар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand prix-2023» оид ба ҷудо баргузор гардид, ки дар он 315 варзишгар аз 40 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд. Аз рӯи натиҷаҳои ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо гирифтани 7 медал, аз ҷумла 3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб гардиданд.

Натиҷаи дигари хурсандибахш дар соли 2023 дастовардӣ таърихии Дастаи мунтахаби кишвар оид ба Футбол дар Ҷоми Осиё мебошад, ки то ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва миллату кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Рустами Зоир,
радиои “Тоҷикистон”