Соли 2023 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон Аркестри эстрадӣ ва Лабораторияи тадқиқотии илмию санҷишӣ ва омӯзишии таъмири асбобҳои мусиқӣ ташкил карда шуд. Ин ва дигар масъалаҳои муҳиме буданд, ки имрӯз зимни нишасти матбуотии Кансерваторияи миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Миралӣ Достизода, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2023 дар Кансерваторияи миллии Тоҷикистон дар баробари акестри камеравии синфонӣ ва аркестри созҳои халқии синфонӣ боз акрестри эстрадӣ ташкил карда шуд. Ба таъкиди Миралӣ Достизода ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳоло дар ин гурӯҳ 27 нафар хоҳишмандон ҷамъ омада, ба корҳои эҷодӣ машғуланд.
Моҳи сентябри соли 2023 дар Кансерваторияи миллии Тоҷикистон Лабараторияи тадқиқотии илмию санҷишӣ ва омӯзишии таъмири асбобҳои мусиқӣ ташкил карда шуд. Ба гуфтаи Миралӣ Достизода ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳоло дар ин лабаратория 4 нафар фаъолият карда, аллакай се асбоби омоданамудаи онҳо барои истифода пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2023 Кансерваторияи миллии Тоҷикистонро 65 нафар хатм карданд, ки 55 нафари онҳо аз зинаи бакалавр ва 10 нафари онҳо аз зинаи магистр мебошад. Илова бар ин соли 2023 дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 25 нафар донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон иштирок карда, аз ин шумора як нафар соҳиби шоҳҷоиза, 12 нафар ҷойҳои намоён ва 12 нафари дигар бо диплом сарфароз гардиданд.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои “Тоҷикистон”