Дастаҳое, ки барои даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2023 иштирок мекунанд, муайян гардид. Рӯзи 6-уми феврал Урдун бо Кореяи Ҷанубӣ ва рӯзи 7-уми феврал Эрон бо Қатар рақобат мекунанд. Бояд гуфт, ки дар даври 1/4 ниҳоӣ Урдун Тоҷикистонро бо ҳисоби минималии 1:0 ва Кореяи Ҷанубӣ Австралияро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Ҳар ду голи ҷониби Корея дар вақтҳои иловагӣ ба самар расонида шуд.
Ҳамзамон, дар даври 1/4 ниҳоӣ футболбозони эронӣ ба дарвозаи ҷопониҳо ду гол зада, роҳи худро барои идомаи мусобиқот ҳамроҳ намуданд. Қатар бо Узбекистон бозиро мусовӣ кард, аммо дар силсила зарбаҳои 11-метра футболбозони Узбек натавонистанд, ки пируз шаванд ва ҳамин тавр бо ҳисоби 3:2 шикаст хурданд. Даври ниҳоии бозӣ рӯзи 10-уми феврал миёни тимҳое, ки дар даври ниманиҳоӣ ғолиб мешаванд, баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё аз 12 январ оғоз гардида, то рӯзи 10 феврал дар Қатар баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа 24 даста ширкат намуд. Ғолиби феълӣ тими миллии Қатар аст (2019). Дастаи Ҷопон дар Ҷоми Осиё аз ҳама бештар пирӯзӣ ба даст овардааст. Футболбозони ин мамлакат чор маротиба ба гирифтани кубок ноил гардиданд.