Саридораи геология соли 2023 корҳои омӯзиши геологиро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 29 лоиҳа ба маблағи 17 217 375, 0 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 – 1 076 375,0 сомонӣ зиёд будааст. Бар ин хусус 30-юми январ зимни нишасти хабарии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, сардори Саридора бо ироаи ин маълумот ба рӯзноманигорон зикр кард, ки дар давраи сипаригардида корҳои шартномавӣ аз рӯи 191 лоиҳа ба маблағи 19 059 896,0 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 632 451,0 сомонӣ ба иҷро расонида шуда, дар маҷмӯъ, ҳаҷми корҳои иҷрошуда бо усули хоҷагидорӣ 35 644 820,0 сомониро ташкил медиҳад.