Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино теъдоди донишҷӯён 12631 нафарро ташкил медиҳад ва бо муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ (1426 нафар) теъдоди умумии таҳсилкунандагони Донишгоҳ 14057 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иттилоъ дода шуда, зикр гардид, ки аз 12631 нафар донишҷӯ, дар факултети тиббӣ 9373 нафар (74,2%), педиатрӣ 826 нафар (6,5%), стоматологӣ 1491 нафар (11,8%), фармасевтӣ 432 нафар (3,4%) ва тиббӣ-профилактикӣ 509 нафар (4%) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Шумораи донишҷӯён дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта 2,6% афзуда, аз 12301 ба 12631 нафар расидааст. Теъдоди донишҷӯдухтарон бошад нисбат ба соли гузашта 1,4% зиёд шуда, 5968 нафарро ташкил мекунад, ки нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 47,2%-ро ташкил медиҳад.
Дар Донишгоҳ дар соли таҳсили 2023-2024 1793 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 27 давлати дунё, аз ҷумла, дар сатҳи тодипломӣ 1772 нафар, дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 10 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 11 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар Донишгоҳ таҳсил бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 490 (60,9%), бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 207 (25,7%) ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 108 адад (13,4%)-ро ташкил медиҳад.