Ҳарчанд қариб 50 фоизи ҳодисаҳои нохуш солҳои қаблӣ дар НБО Рогун мушоҳида мегардид, баъди ба роҳ мондани назорати шабонарузии онлайнӣ дар сохтмони мазкур ҳодисаҳои нохуш хушбахтона кам шуда, дар соли 2023 5 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуда, 8 фоизи ҳодисахои нохушро дар умум ташкил кардааст. Аммо дар корхонаву иншооти дигари зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 52 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 36 нафар ҳалок шуданд. Ин нуктаро Сардори Хадамот Санъат Раҳим имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.
Зимни посухи суолҳои хабарнигорон Сардори Хадамот Санъат Раҳим афзуд, ки сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошанд. Ба оилаҳои фавтидагон тибқи қонунгузорӣ 60 музди меҳнат ва ба љабрдидагон бошад 12 маош кӯмакпулӣ дода мешавад.
Дар соли 2023 328 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои сабтиномшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 1 млну 696 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Аз сабаби иваз шудани технологияи коркард дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи геология 6 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуда, барои табодули таљриба соли равон дар моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 22 –юми бехатарӣ дар соҳаи саноати давлатҳои ИДМ баргузор хохад гашт. Сардори Хадамот таъкид дошт, ки дар шароити имруза зарур дониста шуд, то ки мутахассисону масъулини соҳа аз давлатҳои дигар ба монанди Эрон, Чин, Туркманистон ва Туркия низ ба Чаласаи мазкур даъват карда шаванд.
Дар охир таъкид карда шуд, ки вобаста ба саноатикунонии мамлакат ва афзоиши корхонаҳои саноатӣ назоратро дар самти бехатарӣ бояд бештар кунанд ва ҳар як роҳбару коргар ба ин муваззаф гардидаанд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”