ТАҚДИМИ СЕ АДАД ТАҶҲИЗОТИ ТИББИИ НОДИР БА ВАЗОРАТ

16 январи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе маросими тақдими се адад таҷҳизоти нодири тиббии BARK VibroLUNG аз ҷониби кишвари Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин иштирок намуд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати истифодаи дурусти ин дастгоҳи тиббӣ 40 нафар мутахассисони соҳа, аз ҷумла пулмонологҳои кишвар ба машғулияти омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.

Зимни машварати омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони кишвари Қазоқистон ба табибони мамлакат тарзу усули истифодаи таҷҳизоти BARK VibroLUNG омӯзонида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дастгоҳи виброакустикии BARK VibroLUNG барои табобати бемориҳои шуш ва мушкилоти шуш дар муассисаҳои табобатӣ пешбинӣ шудааст. Принсипи кории дастгоҳ ба таъсири сигнали пурқуввати виброакустикӣ асос ёфта, муҳлати хизматрасонии он 10 сол мебошад.