16 январи соли 2024 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода бо сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни суҳбат тарафҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои фарҳангии байни Тоҷикистон ва Италия табодули назар карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Италия робитаҳои илмию адабӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро тақвият медиҳанд.