Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

16 январ дар бинои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини раиси Кумита Салимзода Зиёдулло бо сафири фавқулодда ва мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Георгий Чхеидзе ва мушовири калони намояндагии дипломатӣ Иркалий Кандалаки баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла табодули таҷриба, бастани қарордодҳо миёни ширкатҳои сайёҳии Гурҷистон ва Тоҷикистон, инчунин иштирок дар чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ изҳори андеша намудандд.

Сафири фиристодаи фавқулодда ва мухтори Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон Георгий Чхеидзе ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт ибрози ҳавасмандӣ намуд.

Бо мақсади ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро омода намоянд.

Вохурӣ дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Баъд аз мулоқот меҳмонон аз Муассисаи давлатии “Кохи Наврӯз” ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, аз таъриху фарҳанги пурғановати миллати тамаддунофари тоҷик огоҳӣ пайдо намуданд.