Соли 2024 рушди иқтисоди ҷаҳонӣ то 2,4% коҳиш хоҳад ёфт

Тибқи пешгӯиҳои СММ, рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2024 то 2,4% коҳиш хоҳад ёфт. Ба андешаи коршиносон суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам аз сатҳи пеш аз пандемия поинтар аст.

Дар гузориши нави СММ омадааст, ки меъёрҳои фоизии баланд, афзоиши минбаъдаи муноқишаҳо, коҳиш ёфтани савдои байналмилалӣ ва афзояндаи офатҳои иқлимӣ ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ мерасонад. Коршиносон инчунин як давраи тӯлонии шароити сахти қарздиҳӣ ва хароҷоти баланди қарзро пешгӯӣ мекунанд. “Соли 2024 бояд соле бошад, ки мо аз ин ботлоқ раҳо шавем. Бо сармоягузориҳои бузург ва ҷасорат мо метавонем рушди устувор ва амалҳои иқлимро пеш барем ва иқтисоди ҷаҳонро рушд бахшем,” – гуфтааст, дабири кулли СММ Антониу Гутерриш.

Интизор меравад, ки рушди иқтисоди Чин дар соли 2024 то 4,7 дарсад коҳиш ёбад. Дар Русия коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки рушди иқтисод дар соли 2024 каме бештар аз 1 дарсад хоҳад буд. Дурнамои иқтисодии кишварҳои камдаромад бо бори гарони қарз, фоизҳои баланд ва талафоти марбут ба ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, ки дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба вуҷуд омадаанд, маҳдуд хоҳад шуд.

Таваррум паст шуда истодааст, аммо барқароршавӣ дар бозорҳои меҳнат нобаробар хоҳад буд Пешгӯӣ мешавад, ки таваррум дар ҷаҳон идома хоҳад ёфт ва дар соли 2024 ба 3,9% мерасад (аз 5,7% дар соли 2023). Бо вуҷуди ин, фишорҳои нархҳо дар бисёр кишварҳо баланд боқӣ мондаанд ва ҳар гуна авҷ гирифтани ихтилофҳои геополитикӣ метавонад боиси эҳёи таваррум гардад. Ҳамзамон, дар гузориши СММ таъкид мешавад, ки тақрибан дар чоряки ҳамаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ, сатҳи таваррум дар соли 2024 аз 10 дарсад боло хоҳад рафт.

Дар кишварҳои пешрафта вазъи бозори меҳнат сарфи назар аз паст шудани суръати афзоиш устувор аст. Бо вуҷуди ин, дар бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ, махсусан дар Осиёи Ғарбӣ ва Африқо, нишондиҳандаҳои асосии шуғл, аз ҷумла сатҳи бекорӣ, то ҳол ба сатҳи пеш аз пандемия барнагаштанд.