Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ – мактаби ҷавонмардӣ

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро мактаби ҷавонмардӣ мегӯянд. Оро­мию ободӣ ва соҳибистиқлолии кишвар бо заҳмати фарзандони фарзонаи миллат ба даст омада, ҳимоя ва нигоҳдошти ин ҳама ва­зифаи ҳар ҷавонмарди бонангу ор мебошад.

НАЗОРАТ ПУРЗӮР МЕШАВАД

– Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар дар қисму воҳидҳои ҳарбии гарнизон ҷиҳати таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ фаъолиятро пурзӯр намуда, баҳри иҷрои муваффақонаи масъулият тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.

Натиҷаи фаъолияти пурсамари назорати прокурорӣ аст, ки сафи ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ афзун гашта, нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2023 аз тарафи комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ба пуррагӣ иҷро гардид, – иброз дошт Наврӯз Тоҳирзода, прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар.

Ба иттилои ӯ дар ин давра дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ кормандони прокуратураи ҳарбии гарнизон ба ташвиқу тарғиби қонунҳо вусъат бахшиданд, ки дар натиҷа ҳолати вайронкунии интизоми ҳарбӣ кам гардид.

Тавре Наврӯз Тоҳирзода гуфт: “Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин, масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз, ин фасод ё худ коррупсия аст. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ пеш меорад. Аз ин хотир прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар дар фаъолияти худ мубориза бо коррупсияро самти афзалиятнок ҳисобида, дар соли равон 42 ҳолати ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдори мурофиавӣ қабул намудааст”.

АЗ МАКТАБИ САРБОЗИИ АБДУЛЛО

 Хизмат дар Артиши миллӣ уҳдадории ҳар ҷавонписари ҷисману ақлан солим мебошад. Ҷавон дар ин мактаби мардонагӣ рӯҳану ҷисман обутоб ёфта, аз ҷумла дарси ватандорӣ, ҳифозати марзу буми кишвар меомӯзад.

– Баробари ба қисми ҳарбӣ рафтан аз дидани шароити низомӣ, будубоши афсарону сарбозон мутмаин гаштам, ки воқеан ҳам хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ аст, ҷавонон дар он аз ҳар ҷиҳат рушд меёбанд, – мегӯяд Абдулло Риёев, сокини ноҳияи Ёвон, ки ҳамагӣ чанд моҳ қабл хизмати ҳарбиро дар қисми ҳарбии 87740-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаст.

Ба нақли Абдулло ӯ дар муддати як соли адои хизмати ҳарбӣ дӯстони зиёде пайдо намуд, ки аз манотиқи гуногуни кишвар буданд. Онҳо бо ҳам риштаи қавии дӯстӣ пайваста, дар ҳама ҳолатҳо паҳлуи якдигар мисли фарзандони як оила ин давраро муваффақона сипарӣ намуданд.

– Баҳри баланд бардоштани донишу малакаи ҳарбии сарбозон тамоми лавозимоти таълиму таҷриба фароҳам буд, ки мо аз афсарони соҳибтаҷриба маҳорату малакаи баланди ҷангӣ омӯхтем.

Машғулиятҳои амалӣ – тактикӣ ҳеҷ аз хотирам намераванд, чунки ин дарсҳо аксаран дар майдончаи тактикӣ-оташфишонӣ гузаронида мешуданд. Дарсҳои таёрии тактикӣ, ҳолати омодабошии ҷангӣ бо истифодаи техникаю таҷҳизоти муосир ҷолибу муассир мегузаштанд ва мо сарбозон аз чунин машғулиятҳои амалӣ таълимоти лозима гирифтем.

Воқеан хизмати ҳарбӣ баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон заминаи арзанда гузошта, дар таъмини амнияти кишвар, осоиши мардум, ҳифзи хоки аҷдодӣ саҳми сарбозону афсарони шуҷои Ватан бемисл ва мондагор аст, – мегӯяд Абдулло.

АЗ ПАЁМИ САРВАР

Шароити имрӯз, яъне вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон тақозо дорад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Ба ин хотир Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш санаи 28-декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” иброз доштанд, ки “Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд.

Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод.

Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад.

Таъкид менамоям, ки роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд”.

Маҳмадалӣ Акрамов

радиои “Тоҷикистон”