Дар як мактаби миёнаи шаҳри Перрии штати Айоваи ИМА тирпаронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар захмӣ шуданд. Тавре агентии иттилоотии “Синхуа” хабар медиҳад, гумонбар хонандаи 17-солаи ҳамин мактаб Дилан Батлер будааст, ки пас аз тирпаронӣ худкушӣ кардааст. Бино ба маълумоти мақомоти полис дар бинои мактаб як маводи таркандаи худсохт низ пайдо шудааст.
Тирпарронӣ соати 8-и субҳ, замоне оғоз шудааст, ки ҳанӯз дарсҳо шурӯъ нашуда буданд ва дар бинои мактаб хонандагон нисбатан кам буданд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, бисёре аз мактаббачагон, ки пас аз ин ҳодиса омада буданд, ба хонаҳо фиристода шуданд. Мактаб дар шаҳри Перри ҷойгир буда, шумораи аҳолии он ҳамагӣ 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар мактаб наздики 2000 хонанда таҳсил мекунад.
Бояд гуфт, ки сол то сол ҳодисаҳои тирпаронӣ дар Амрико афзоиш меёбад. Махсусан, дар мактабу донишгоҳо зиёдтар рӯй медиҳанд, ки коршиносон сабаби инро дар хариду фуруши силоҳ арзёбӣ мекунанд.