15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир инвест»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) аз тарафи соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷурахонов бунёд гардидааст.
Бо таъсиси корхонаи нави истеҳсолӣ 230 нафар, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки фаъолияти корхонаи нави саноатӣ дар ду баст амалӣ шуда, дар он асосан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла гаҷкартон бо профилу васлакҳои металлӣ, сақфҳои гаҷӣ (армстронг) ва хокаҳои сохтмонӣ (шпаклёвка ва штукатурка) ба роҳ монда шудааст.
Хатҳои муосири технологӣ ба корхона аз Ҷумҳурии Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардидаанд, ки онро мутахассисони тоҷик васл намуда, пурра идора менамоянд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 30 миллион метри мураббаъ гаҷкартон мебошад.
Дар корхона чор намуд гаҷкартон бо андозаи 1 метру 20 сантиметр паҳноӣ ва 2 метру 50 сантиметр дарозӣ истеҳсол мешавад. Гаҷкартонҳои истеҳсолшуда ба намӣ ва гармӣ тобовар буда, барои деворҳои байниҳуҷравӣ ва ороиши сақфи бинои иншооти гуногун истифода мегарданд.
Корхона иқтидор дорад дар як сол 200 ҳазор тонна хокаҳои сохтмонии аълосифат истеҳсол намоянд. Инчунин дар корхона сақфҳои гаҷӣ (армстронг) бо иқтидори 2 миллиону 400 ҳазор дона дар як моҳ истеҳсол мешаванд. Сақфҳои гаҷӣ бо андозаи 60 ба 60 сантиметр омода мешаванд. Ин навъи маҳсулот барои рӯйпуш намудани сақфи биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва маишию хизматрасонӣ бо истифода аз профилу васлакҳои металӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар корхона истеҳсоли 10 намуд профилу васлаҳои металлӣ низ амалӣ шудааст. Дар ин хати технологӣ имкон аст, ки дар як моҳ 32 тонна профилу васлакҳои металӣ истеҳсол шаванд. Тамоми номгӯи масолеҳи сохтмонии истеҳсолнамудаи корхонаи навбунёди саноатӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Масоҳати умумии коронаи нави боиқтидори саноатӣ дар ноҳияи Ёвон 5,2 гектарро ташкил медиҳад. Дар шафати биноҳои барҳавои ба ҳам пайвасти истеҳсолӣ иншооти ёрирасон, аз қабили озмоишгоҳ ҷойгир аст.
Дар озмоишгоҳ сифати ҳама намуди маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир инвест» санҷида мешавад. Озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки мутахассисони касбӣ бо истифода аз дастгоҳҳо сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан барои истифода дар истеҳсолот пешниҳод менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди корхонаи пуриқтидори саноатӣ дар самти коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ намуна арзёбӣ намуда, бо назардошти зиёд будани талабот ба масолеҳи баландсифати сохтмонӣ дар мамлакат ба масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир инвест» ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Ҳамин тариқ, танҳо аз оғози соли равон дар ноҳияи Ёвон дар раванди амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат 10 коргоҳ ва як корхонаи боиқтидори саноатӣ бо таъсиси беш аз 200 ҷойи кори доимӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди корхонаҳои нави саноатӣ муаррифӣ шуд, ки самти фаъолияти онҳо асосан коркарди маҳсулоти хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ мебошад.
Зимни муаррифии лоиҳаҳо иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия ду корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли блокҳои гаҷӣ дар назди ҶДММ «Файзи гаҷ» ва корхонаи коркарди оҳаксанг ва истеҳсоли коғаз дар назди ҶДММ «Моҳир инвест» дар доираи татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди саноат сохта шуда, дар умум 70 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Корхонаи истеҳсоли блокҳои гаҷӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазору 400 метри мураббаъ ва дар як сол бо иқтидори 2 миллион метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол менамояд. Аҳаммияти блокҳои гаҷӣ дар он аст, ки вазни иншоотро то 60% аз дигар навъи масолеҳи сохтмонӣ сабук карда, дар баробари ба гармӣ ва сардӣ тобовар будан, қобилияти маҳдудкунии садоро дорад ва раванди сохтмонро метезонад.
Корхонаи коркарди оҳаксанг ва истеҳсоли коғаз бо иқтидори 25 тонна дар як шабонарӯз ва беш аз 9 ҳазор тонна маҳсулоти ватанӣ дар як сол таъсис меёбад, ки коғазҳои истеҳсолшуда дар соҳаи нашриёт, чопи рӯзномаю маҷаллаҳо, буклетҳо, лавҳаҳои тарғиботӣ, қуттиҳои картонӣ барои банду басти маҳсулот ва навъҳои дигар истифода мегардад.
Бояд гуфт, ки 80% -и маҳсулоти корхона ашёи хоми маҳаллӣ буда, бо сифати аъло омода мешавад ва ивазкунандаи воридот мебошад. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани ин корхона арзиши аслии коғазҳои истеҳсолшуда нисбат ба воридотӣ то 30% арзон мешавад.
Хатҳои технологие, ки дар ин корхонаҳои истеҳсолӣ насб мегарданд, навтарин буда, таҷрибаи нахустин дар мамлакат аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони ташаббускори маҳаллиро дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат назаррас арзёбӣ намуда, дар ин самт ба онҳо барори кор орзу намуданд.