Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодиву ииҷтимоӣ ва фарҳангии дохилӣ ва хориҷӣ матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 12 декабр мақолае бо номи “Энергияи сабз” ва тағйирёбии иқлим” чоп карда менависад, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз назари неруи барқи тоза пешсаф аст. Зикр мешавад, ки Тоҷикситон 98 дарсади неруи барқро аз манбаҳои барқароршавандаи энергия, яъне об истеҳсол мекунад ва аз рӯи ин нишондод кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.
Бо назардошти ин, дар шароити афзоиши нархи сузишвории нафтӣ истифодаи нақлиётӣ барқӣ дар Тоҷикистон ҳам аз назари иқтисодӣ ва ҳам аз назари зистмуҳитӣ муфид аст. Таъкид мешавад, ки истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои гидроэнергетикии кишвар метаовнад барои рушди тавлиди “энергияи сабз” ва “шаҳри сабз” дар тамоми минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 14 декабар хабар дод, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахири худ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тағийрот ворид краданд, ки тибқи он барои пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ба сурати нақдӣ ҷарима пешбини шудааст.
Карим Гулмуродзода муовини вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки тибқи меъёри иловашаванда барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд ва инчунин истифодаи кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии шахсии кормандони давлатӣ бо ин мақсад, ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо (680-1360 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.
Инчунин, ба моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот пешбинӣ гардида, тибқи он, дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳали содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар баргаи махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ба расмият дароварда мешавад.
Инчунин, ба қисми 5 моддаи мазкур ҷумлаи дуюм илова карда мешавад, ки минбаъд ҳангоми аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёт содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, шаҳодатномаи ронандагии онҳо гирифта намешавад. Санади тартибдодашуда бошад ба махзани ягонаи электронии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.
Бояд гуфт, ки тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз 1 августи соли ҷорӣ дар кишвар пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ бояд тариқи ғайринақдӣ анҷом шавад.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 11 декабр мусоҳиба бо Қарахон Чиллазода раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистонро пешкаши хонандагон кардааст. Ба гуфтаи Қарахон Чиллазода соли 2013 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон 15,6 миллион сомониро маблағи қоидавайронкуниҳои молиявиро ошкор карда буд, ки аз он ҳамагӣ 2,4 миллион сомонӣ ё худ 16 дарсади маблағҳо барқарор гардид.
Номбурда дар идома афзуд, ки соли 2022 маблағи қоидавайронкуниҳои молиявӣ 376,9 миллион сомонӣ ва маблағи барқароргардида 375,5 миллион сомониро ташкил дод. Яъне, дарсади барқарорӣ аз 16 дарсдаи соли 2013 ба 99,6 дарсад дар соли 2022 расид.
Қарахон Чиллазода дар идома таъкид мекунад, ки тайи се соли охир дар фаъолияти Палатаи ҳисоб ислоҳоти куллӣ ба амал бароварда шуда, нигоҳи кормандон аз низоми назорати молиявии замони шӯравӣ меросмонда дигаргун гардид ва рӯ ба аудити мустақили берунаи мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи замони муосир оварданд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 13 декабр хабар дод, ки чархаи дуюми неругоҳи “Қайроққум” баъди таҷдид дар оғози фасли зимистон бо иқтидори нав ба кор андохта шуд. Дар ин бора директори НБО “Қайроққум” Файзулло Авезов ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод ва афзуд, ки ҳоло ҳаҷми тавлиди барқ дар чархаҳои нерӯгоҳ бештар шудааст.
“Ҳоло аз ҳисоби ин ду агрегат 58 мегават барқ истеҳсол мешавад, ки баробари иқтидори се агрегати қаблӣ аст. Баъди таҷдид тавонии агрегатҳои дигар низ то ба 29 мегаватӣ баробар хоҳад шуд”, – гуфт Авезов.
Қарор аст то соли 2025 тарҳи бозсозии “Қайроққум” бо харҷи $200 млн ба иҷро расонида шавад. Дар ин замина таъкид мешавад, ки неругоҳи “Қайроққум” дар маҷмуъ аз 6 агрегат иборат буда, 64 сол инҷониб фаъолият дорад. Интизор меравад, пас аз таъмир иқтидори нерӯгоҳи мазкур аз 126 МВт ба 176 МВт афзоиш ёбад. Истеҳсоли қувваи барқи нерӯгоҳ ба ҳисоби миёна то 38% афзоиш меёбад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 14 декбар хабар дод, ки дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1 млн. 302,7 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Таъкид мешавад, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳаҷми сохтмони манзил дар соли гузашта 2,6 дарсад бештар аст.
Дар идома гуфта мешавад, ки аз ҳама бештар суръати рушди сохтмони манзил дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дар соли ҷорӣ мушоҳида мешавад, аз ҷумла дар пойтахти кишвар дар ин муддат 400 ҳазор метри мураббаъ манзил бунёд шудааст.
Ҳамзамон дар ин матлаб нархи манзили истиқоматӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ муқоиса шудааст, ки тибқи он аз ҳама нархи арзони манзил дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Нашрияи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 14 декабр матлабе бо номи “Бақияи қарзи андозҳо чаро меафзояд?”, аз афзоиши бақияи қарзи андозҳо дар мақомоти андози вилояти Суғд изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба навиштаи ҳафтанома, тибқи маълумоти раёсати андози вилояти Суғд бақияи қарзи андозҳо ба санаи 1 –уми октябри соли 2023, дар маҷмуъ, 95,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбати аввали сол 14,2 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Аз ҷумла, афзоиши қарз дар ин давра дар Нозироти андози андозсупорандагони калони вилояти Суғд 8,9 миллион сомонӣ ва нозиротҳои андози шаҳру ноҳияҳо, дар умум, 5,3 миллион сомониро ташкил додааст. Инчунин зикр мешавад, ки мутаассифона, бақияи қарзи андози иҷтимоӣ низ дар ҳамин давра 23,0 миллион сомониро ташкил дода, назар ба аввали соли равон 1,5 миллион сомонӣ афзудааст.
Дар идома таъкид мешавад, ки то ба санаи 1 октябр ба унвонии қарздорон дар вилояти Суғд беш аз 14 ҳазор огоҳинома ба маблағи умумии 92,2 миллион сомонӣ ирсол гардида, аз ин ҳисоб 58,4 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт шудааст, ки ҳамагӣ 63,3%-ро ташкил медиҳад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”