Имрӯз дар меҳмонхонаи ” Серена”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон” (ТоҷикНИИГиМ) конференсияи ҷумҳуҳириявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Механизмҳои молиявию иқтисодии такмилдиҳии идораи захираҳои обӣ ҷиҳати рушди устувори Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз вазорату идораҳои марбута ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор ширкат намуданд.
Тавре ҳамкорамон Олуфта Шарипова аз ҷараёни ин ҳамоиши сатҳи баланд иттилоъ дод, чорабиниро муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Ҷамшед Шоимзода ифтитоҳ бахшида, ҳадаф аз баргузории конфронсро дар баррасии муҳимияти мехагизмҳои молиявию иқтисодӣ дар идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи зазираҳои обӣ, таъмини рушди устувори он дар ҳама бахшҳои обистифодабаранда, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз нигоҳи олимону мутахасисон ва ба даст овардани амнияти озуқавории мамлакат арзёбӣ намуд.
Инчунин дар рафти ҳамоиш тавзеҳ дода шуд, ки конфронс дар радифи ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмиллалии амал ” Об барои рушди устувор”, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” , инчунин ҳидоятҳои Паёмҳои ҳамасолаи Сарваои муазами миллат оид ба баланд бардоштани самаранокии захираҳои об ва замин ва ба ҳисобгирии об дар ҳамаи самтҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат алрқаманд аст, сурат гирифт.
Дар фарҷоми члрабинӣ иштирокчиён бо моделҳои навин доир ба банақшагирии принсипҳо ва роҳҳои самараноки идоракунии захираҳои об бо дарназардошти усулҳои обёрӣ дар кишоварзӣ огоҳ гардиданд.