Имрӯз, 15 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Раванди тавонбахшӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дастовардҳо” конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон, роҳбарони як қатор муассисаҳои соҳавӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, изоф мекунад, ки тавонбахшӣ ба кӯдакони дорои маъюбият имкон медиҳад, ки онҳо дар оянда мустақилона зиндагӣ намуда, дар ҷомеа ҳамчун як шахси тавоно иштирок намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи шахсони имконияташон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2016, № 455 Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 қабул гардид. Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб ва фароҳам овардани муҳити мусоид ба шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.