Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир гардид.
12-уми декабри соли 2023, аз гумонбаршаванда 237 ҳазору 600 дона маводи ҳархелаи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз гумонбаршавандагон ҳангоми кофтукови шахсӣ 20 қуттӣ маводи тарфгарии тамғаи «Трения» ҳамчун далели шайъи мусодира карда шуд.
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир гардид.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз гумонбаршаванда 100 адад қуттиҳои маводи тарфгарии «Трения», ки дар умум 4 ҳазору 500 донаро ташкил медиҳанд, дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.