“Анъанаи бофтани Атласу – адрас” мавриди баррасӣ қарор гирифта ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид

4 декабри соли 2023 дар КасанеиҶумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.

5 декабр зимни иҷлос номинаи мустақими Тоҷикистон “Анъанаи бофтани Атласу – адрас” мавриди баррасӣ қарор гирифта ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин хусус муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ-и ҶТ Заррина Исмоилзода аз шаҳри Касанеи Ҷумҳурии Ботсвана ба радиои Тоҷикистон хабар дод.
Маликов М.

Радиои Тоҷикистон