Дар замони кунунӣ авзои баъзе кишварҳои ҷаҳон, ки боиси нигаронист, гурӯҳе аз манфиатхоҳони ғаразпеша бо василаҳои гуногун хоҳони бесуботии кишварҳои дар ҳоли рушд буда, барои расидан ба мақсади нопоки хеш ҷавонони ноогаҳ ва дигар қишри осебпазири ин кишварҳоро зери ҳадафи худ қарор медиҳанд. Сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо низ чунин рӯзҳои мудҳишро солҳои оғози соҳибистиқлолӣ шоҳид буданд ва шукрона, ки имрӯз кишварамон давлати устувору рӯ ба тараққист ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз минбарҳои баланд муносибати оштинопазир доштан бо зуҳуроте ба мисли терроризму экстремизмро қотеона баён медоранд.
Мутаассифона, дар баробари дастгирӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ аз тарафи доираҳои алоҳидаи баъзе аз кишварҳои дунё, роҳбарони гурӯҳҳои экстремистию террористӣ пардапӯшона ба мағзшӯии афкори сокинони кишвари зери ҳадафашон қарордошта, ба хусус ҷавонони ноогаҳ ва дигар қишрҳои осебпазир, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ кор мегиранд. Аз ҷумла дар расонаҳои хабарии хориҷи кишвар ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба истилоҳи «опозитсия» зидди давлат мубориза мебаранд, ки дар асл парвардаи гурӯҳҳои террористӣ буда, бо тафаккури хурофотзадаву даҳшатолудаи худ пайи бадгӯиҳо нисбати роҳбарияти давлат мешаванд. Албатта ҳар нафари худогоҳ ба зудӣ ин ҳадафи ғаразпешаи чунин хоинонро дарк мекунад. Чуноне, ки ҳамагон шоҳидем, чунин фитнаангезиҳо аз ҷониби гурӯҳҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом алайҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста мушоҳида мешавад. Барои чунин ашхос Ватан, Модар, ҳақиқат, адлу инсоф ва дигар арзишҳои пурқимати инсонӣ аҳамияте надоранд. Аз туҳмат, дурӯғ, бадгӯӣ заррае вуҷудашон изтироберо эҳсос нахоҳад кард. Онҳо дастовард ва пешравиҳои кишвари осоиштаро чашми дидан надоранд. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Террорист давлат ва миллат надорад”. Воқеан ҳам дар исботи ин гуфтаҳо мисоли барҳақ баъзе аз ҳамватанони асолатбохтаамон мебошад, ки ҳадафҳои ТЭТ-ҲНИ-ро зери сарпарастии хоҷагони хориҷиашон амалӣ мекунанд. Эшон ҳатто оёту сураҳои Қуронро барои ба ҳадафашон расидан ба манфиати худ тобиш медиҳанд. Ҳол он ки ислом фитнаву иғворо маҳкум карда, бадтар аз қатл медонад.
Ин афроди носипосу хоин ҳеҷ гаҳ дар андешаи суботу осудагии кишварамон ва зиндагии босаодати мардум нестанд. Онҳо пойбӯси хоҷагони хориҷиашон буда, як умр ба ивази малағҳои касифи аз онҳо хӯрдаашон қарздор мемонанд. Агар дуруст ба афкори эшон таваҷҷуҳ намоем суханрониашон пур аз туҳмат, таҳқир, дурӯғ ва дашному қабеҳгуфтанҳост. Аммо эшон зери ниқоби дини мубини ислом суханпардозӣ мекунанд, то ба дили афроди ноогаҳ ва сабукандеш роҳ биёбанд, ки албатта дар дини мубини ислом ин гуна муносибат умуман ҷоиз нест.
Ба гуфтаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣсиёсати ба дини ислом умумият додан ва ё ба он марбут донистани терроризм, экстремизм ва хушунату зӯровариро сахт маҳкум намуда, иброз доштанд, ки “Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд”.
Хоинону бадхоҳони давлату миллати мо – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳеҷ гаҳ аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст намекашанд. Аз ин хотир, ҳамагон бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем.
Чуноне Роҳбари давлатамон таъкид мекунанд, мо мардуми Тоҷикистон – вазифадорем, ки дар зери Парчами давлати худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.
Маҳмадалӣ Акрамов
Радиои “Тоҷикистон”