“Ҷумҳурият”: Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори давлати миллии тоҷикон аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат, президенти кишвар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, таҷлили Рӯзи президент дар Тоҷикистон, тасдиқи лоиҳаи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 аз сӯи Маҷлиси намояндагон, ибтикороти нави Хадамоти алоқа барои афзоиши суръати интернет дар Тоҷикистон, интиқод аз сатҳу сифати хадамот дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва ғайра матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 ноябр гузориши муфассал дар мавриди натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нашр карда менависад, ки зимни ин сафар чандин иншооти муҳими иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ифтитоҳ шуд. Аз ҷумла муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд. Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он ошно гардиданд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 17 ноябр мақолае бо номи “Бунёдгузори давлати миллӣ”  чоп карда менависад, ки дар соли 1992 дар соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳти роҳбарии ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати ислом дар кишвар  табаддулоти давлатӣ ба вуқуъ омада, кишвар ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Муаллифи мақола Юсуф Раҳмон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина зикр мекунад, ки дар ин марҳалаи таърихӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро саропо ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бахшида, роҳи рушди  давлати Тоҷикистонро муайян карда, дар кишвар сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 15 ноябр хабар медиҳад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахири худ лоиҳаи  қонун дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 қабул карданд. Дар буҷети давлатии соли ояндаи кишвар қисмати хароҷот нисбати буҷети соли ҷорӣ 6 млрд сомонӣ бештар аст.  Зикр мешавад, ки  маблағи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2024 дар ҳаҷми 18 млрд 971,1 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки афзоиши он нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 2 млрд 25,5 млн сомонӣ буда,  43 дарсади хароҷоти буҷети давлатии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Нашрияи “Садои мардум”  инчунин дар ин шумора мақолае бо номи  “Бо ташаббуси Президент Қонуни авф 18 маротиба қабул шуд” чоп карда, сиёсатҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.  

Ба навиштаи муаллиф дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 18 маротиба қонун дар бораи авф қабул шуда, дар асоси онҳо зиёда аз сад ҳазор шахсоне, ки кирдорҳои ҷиноятӣ содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод шуда, ба ҳаёти осуда баргаштанд.

Муаллиф дар идома ёдовар мешавад, ки дар Тоҷикистон баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Чунончи, бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон дар кишвар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис ёфта, фаъолият доранд, ки онҳо дар таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак нақши муҳимро ифо менамоянд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 15 ноябр бо нашри матлабе иқдомоти тозаи Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани суръати интернет ва коҳиши нархи онро матраҳ карда, навиштааст, билохира баъди 8 сол ба ду ширктаи хусусӣ барои воридоти интернети балансуръат ба Тоҷикистон иҷозат дода шуд.

Ба гуфтаи коршиносон яке аз далелҳои аосии гаронии интернет ва суръати пасти он дар кишвар набудани рақобат дар ин бозор аст, зеро аз соли 2015 ба ин сӯ ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” танҳо воридкунандаи интернет ба Тоҷикистон аст.

Ба навиштаи муаллиф иқдоми дигари Хадмоти алоқа пешниҳоди интернети ройгон дар мантиқи дурдасти кишвар ҷиҳати анҷоми пардохтҳои ғайринақдӣ аст, ки то ҳол ин кор собиқа надошт.

Ҳатфаномаи “Тоҷикистон” инчнуин дар ин шумораи худ бо нашри матлабе хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони як мактаб ду қарн аст, ки ба охир намерасад.  Ба навиштаи муаллиф,  дар дохили муассисаи таълимии №6-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои сохтмонаш нотамоме мавҷуд аст, ки бунёди он пеш аз замони соҳибистиқлолии кишвар оғоз шуда, мутаассифона, ҳанӯз ба охир нарасидааст.    

Ба гуфтаи  Дилшод Сафаров, мудири  муассисаи таълимии рақами 6-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чанд нафар аз соҳибкорон ваъда додаанд, ки бинои нотамоми ин муассисаи таълимиро сохтмонашро ба итмом мерасонанд.   Дар идома зикр мегардад,  ки  муассисаи таълимии рақами 6-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ  22 синфхона ва 950 хонанда дошта, мушоҳида мешавад, ки синфхонаи хонандагони синфҳои ибтидоӣ шароити хуб надорад ва илова бар ин дар баъзе аз синфхонаҳо дар як мизу курсӣ се хонанда менишинанд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 16 ноябр бо нашри мақолаи таҳлилие, аҳамияти дастрасии Тоҷикистон ба бандари “Чобаҳор” дар Эронро баррасӣ кардааст.  Муаллиф бо такя ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон менавсиад, ки кишвари мо аз тариқи бандари «Чобаҳор»  ба уқёнуси ҷаҳонӣ роҳ меёбад.

Дар идома зикр мешавад, ки Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронии худ дар  Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе гуфт, ки  ба роҳ мондани ҳамлу нақли заминӣ аз тариқи масири «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон» бо  истифодаи аз бандари «Чобаҳор», ба густариши  ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон мусоидат хоҳад кард.  Ёдовар мешавем, ки «Чобаҳор» бузургтарин бандари воқеъ дар  устони ҷанубу шарқии Эрон Сиистон ва Балуҷистон дар соҳили Халиҷи Усмонӣ мебошад. Аҳамияти стратегии бандар дар он аст, ки он ба уқёнуси Ҳинд дастрасии мустақим дорад.

Нашрияи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 16 ноябр хабар медиҳад, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ пардохтҳои соҳибкорони дар асоси патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда,  дар маҷмуъ, ба андозаи 91,6 % таъмин шудааст. Яъне дар ин давра ба ҷои 210,2 млн сомонӣ ба буҷет 192,5 млн сомонӣ маблағ ворид гардид, ки 14,6 млн сомонӣ аз нақша камтар аст.

Дар идома гуфта мешавад, ки ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ маблағи бақияи қарзи андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда, дар маҷмуъ, 86,3 млн сомонӣ ва  соҳибкорони тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда  32,8 млн сомониро ташкил медиҳад.  

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”