ДМТ аз ғолибони озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” қадрдонӣ кард

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими қадрдонии барандаи шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии”Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар ғолибони озмуни мазкур ва маҳфили илмӣ – фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмун, баргузор гардид. Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар медиҳад, дар ин маросим ғолибони озмун, шоирону нависандагон, адабиётшиносон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.

Дар оғози маҳфил Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушватзода баромад карда қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ташаккули афкори созандаю ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа ва ҳамчунин пайдо кардани чеҳраҳои нодир, мусоидат менамояд. Ба таъкиди Қобилҷон Хушватзода донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” соли 2020 сазовори 11 намоён, соли 2021 6 ҷойи намоён, соли 2022 3 ҷойи намоён ва имсол 12 ҷойи намоён ба хусус шоҳҷоизаро ба даст оварданд.

Сипас дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмун аз ҷониби Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ аз 4500 то 35000 сомонӣ тақдим карда шуд.