17 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин роҳбарон ва аъзои ҳайати парламентии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбекистон ва Федератсияи Русия иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст аз пазироии гарми кишвари мизбон изҳори сипос намуданд.
Сипас муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа оид ба нақши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешаҳои худро иброз доштанд.
Гуфта шуд, ки бо назардошти аҳамияти муассири забони русӣ, пеш аз ҳама, дар рушди илм, техника ва маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯхтани он имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи кори ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома мубодилаи афкор доир шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон