Вазифаи авлавияти умумии кишварҳои СҲШ таъмини устувории кишварҳои узв дар баробари чолишҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе сарвазири Русия Михаил Мишустин дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ суханронӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, бояд шаҳрвандон ва соҳибкоронро дар муҳити афзояндаи рақобат ва нооромиҳо ва таҳримҳои ғайриқонунӣ, ки боиси халалдор шудани занҷири таъминоти молу хизматрасонӣ дар саросари ҷаҳон мешаванд, ҳифз кард. Нахуствазири Русия таъкид кард, “якҷоя мо метавонем аз ӯҳдаи ин кор баромада тавонем.
Гувоҳи ин афзоиши босуръати ҳаҷми тиҷорати мутақобила аст.” Ба таъкиди М.Мишустин барои кишварҳои СҲШ амиқтар кардани ҳамкориҳо дар бахши сӯзишворӣ ва энергетика, бахусус дар шароити ноустувори нархи нерӯи барқ муҳим аст. Вай инчунин пешниҳод кард, ки механизми мустақили минтақавии пардохт ва ҳисоббаробаркунӣ ва таъмини табдили асъор дар биржаҳои миллӣ таъмин карда шавад.