Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як мард 22 нафарро ба қатл расонда, 50 нафари дигарро маҷрӯҳ кардааст. Дар ин бора Агентии иттилоотии интерфакс хабар медиҳад.
Ба иттилои ин расонаи хабарӣ ҳодиса дар шаҳри Льюистон аз ҷониби афроди ношинос сурат гирифтааст. Ба иттилои рӯзномаи Sun Journal, шахсияти яке аз ҷинояткорон – Роберт Карди 40-сола муайян шудааст. Гумонбари асосӣ то ба ҳол дастгир нагардидааст. Дар робита ба ин ҳодиса Мақомоти маҳаллӣ аз сокинон даъват кардаанд, ки дар хона бимонанд. Бояд зикр намуд, ки дар ИМА ҳодисаҳои марбут ба силоҳ афзоиш ёфтааст.