Нахустин синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе –“Тоҷи Сомон” дар пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд ва бо ҳамин минвол кори худро идома медиҳад. Ҷашнвораи мазкур бо ташаббус ва роҳандозии Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” ҷараён гардида, муҳтавои асосии он намоиши филмҳои ҷашнвораӣ мебошад.
Дар ин чорабинии бонуфузи фароҷаҳонӣ, филмҳои истеҳсоли кишварҳои Қораҳои Осиёву Аврупо ба шумули Покистон, Туркманистон, Арманистон, Тотористон, Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Россия, Молдова, Хитой, Белорусия, Маҷористон, Фаронса ва Канада намоиш дода мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки имрӯз, яъне таърихи 16.1012023 дар доираи баргузории нахустин синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе –“Тоҷи Сомон”, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дар робита ба баргузории ҳамин чорабинии нуфузманди синамоӣ таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” бо ҳузури меҳмонон аз як қатор кишварҳои зикршуда, синамогарон, хабарнигорон ва роҳбарияти “Тоҷикистон” дар вазъияти басо гуворо сурат гирифт.
Ҳамчунин дар идома, соати 10-и ҳамин рӯз, дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардони номвари тоҷик, аз поягузорони синамои миллии мо Комил Ёрматов таҳти шиори “Мероси фарҳангии Комил Ёрматов ҳамчун масири ягонагӣ ва рушди кинематографияи миллӣ” бо ҳузури меҳмонон ва ширкатдорони ҳамин ҳамоиш баргузор шуд. Комил Ёрматов 2-юми майси соли 1903 дар шаҳри Конибодом дида ба дунё кушода, тӯли умри хеш барои синамои тоҷик хидматҳои шиён кардаат. Дар коргардонии ӯ филми “Ҷавонии Ибни Сино” дар нақши марказӣ Мурод Орифӣ таҳия шудааст. Комил Ёрматов 17-уми ноябри соли 1978 дар синни 75-солагӣ дар Москав даргузашт.
Бояд гуфт, ки дирӯз, таърихи 15.10.2023 дар кинотеатри “Наврӯз”-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Федератсияи Россия ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардида буд. Бо ҳамин шева ҷашнвораи байналмилалии мазкур идома ёфта, ҳамчунин, имрӯз, соати 14:00 дар саҳни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” маҳфили рангини дигари фарҳангӣ, Намоиши аксҳои наворбардор, собиқадори синамои тоҷик ва аккоси беҳамто Заур Дахте таҳти номи “Шаҳри ман-хонаи ман” ва Дарси “Устод-шогирд” баргузор мешавад.
Дар қисмати поёнии рӯз, яъне, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” сурат мегирад.
Марҳабо ба ҷашни синамо!
Таҳияи Лутфуллои Азиз