Ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи ABU DHABI GRAND SLAM-2023 иштирок менамоянд

Рӯзҳои 24-26-уми октябр дар доираи сайри ҷаҳонии ҷудо мусобиқаи навбатӣ ABU DHABI GRAND SLAM-2023 баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа иштироки 451-ҷудокор аз 80-кишвари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.

Тоҷикистонро дар ABU DHABI GRAND SLAM-2023 варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд:

Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг)
Меҳрзод Суфиев (-60кг)
Обид Ҷебов (-66кг)
Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг)
Абубакр Шеров (-73 кг)
Сомон Маҳмадбеков (-81кг)
Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг)

Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ба ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 5000 евро, ба барандагони медали нуқра 3000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ тақдим карда мешавад.

Инчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонӣ соҳиби имтиёз мегарданд.

Бояд қайд намоем, ки бо дастирии Президенти федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Россия дар шаҳри Сочӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду кишвар, ҷамъомади тамрин гузарониданд.

Ҷамъомади тамринӣ аз 8-ум то 16-октябр дар Маркази омодагии олимпии Сочӣ сурат гирифта, зери роҳбарии мутахассисон Тамура Торӣ, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Фотеҳ Маҳмадбеков доир гашт.

Ин ҷамъомади тамринӣ дар Сочӣ марҳилаи асосии омодагии тими мунтахаби кишвар ба ABU DHABI GRAND SLAM-2023 ба ҳисоб меравад.

Сорбон Амонуллозода