Таҳлилу баррасии паҳлуҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ, бахусус паёмадҳои мусбат ва манфии ин раванд масъалаҳои хеле баҳсноканд. Имрӯз дар байни олимону коршиносон дар атрофи паёмадҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ баҳсу мунозираҳои гарму ҷушон дар ҷараён аст. Зеро ин раванд (яъне, ҷаҳонишавӣ) ба давлатҳои миллӣ ҳам таъсири мусбат ва ҳам таъсири манфӣ мерасонад. Ба ибораи дигар, ҷаҳонишавӣ ҳам фоидаовар ва ҳам зараровар мебошад.
Ба ҳамин хотир аллакай олимону муҳаққиқон ба ду гурӯҳ ҷудо шудаанд: якум, рақибони ҳамин раванд ва дуюм, ҷонибдорони ҷаҳонишавӣ. Асосан баҳсу мунозираҳо дар байни ин гурӯҳи олимон сурат мегиранд. Дар маҷмӯъ, ҷаҳонишавӣ раванде мебошад, ки дар натиҷаи он давлатҳои олам, созмонҳо ва ташкилотҳои фаромиллии арсаи ҷаҳонӣ бо ҳамдигар дар робитаи зичтар қарор мегиранд ва ҳамзамон ҳамчун натиҷаи ин раванд онҳо аз ҳамдигар вобаста мегарданд. Аз ҳама хусусияти муҳимтарини ҷаҳонишавӣ ва паёмади манфии ин раванд дар он аст, ки давлатҳо аз ҳамдигар вобаста мегарданд ва вобастагии давлат дар сатҳи баландтар қарор гирифтан мегирад. Чунин вобастагӣ зери таъсири алоқамандӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ ба амал меояд.
Аз ҳамин нуқтаи назар агар ба ин масъала назар афканем, мушоҳида намудан мумкин аст, ки раванди ҳамгироӣ ва бо ҳамдигар алоқаманд шудани субъектҳои минтақаҳои ҷаҳонӣ таърихи хеле қадима дорад. Бори аввал ҳамин гуна хусусиятҳои интегратсиониро дар мисоли ҳамгироии полисҳои Юнони Қадим дидан мумкин аст. Дар он давра дар байни полисҳои юнонӣ робита ва ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ ба вуҷуд омада буд. Он замон Афина ва Спарта яке аз шаҳрдавлатҳое буданд, ки полисҳои гуногунро дар атрофи худ муттаҳид карда тавонистанд. Чунин ҳолат гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Спарта ва Афина дар минтақаи мазкур ба маркази тамаддунофар ва низомофар табдил ёфта буданд. Дар Юнони Қадим тартибот ва низоми ҳамкориҳои байнидавлатиро онҳо муайян мекарданд.
Дар байни олимон марҳилаи аввали оғоз гардидани ҷаҳонишавӣ дар сатҳи глобалӣ бо аввалин кашфиётҳои ҷуғрофӣ алоқаманд карда мешавад. Маҳз чунин тамоюлот имкон дод, ки минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо ҳам пайваст гарданд ва робитаҳои байни минтақаҳои ҷаҳонӣ ба амал ояд. Бинобар ин, то ба имрӯз ҷаҳонишавӣ марҳилаҳои гуногунро тай намудааст. Тӯли 200 – 300 соли охир инсоният чандин инқилобҳои саноатиро пушти сар кард. Ҳатто ба амал омадани чаҳор инқилоби саноатӣ, ба мисли кашфи муҳаррики буғӣ, кашфи қувваи барқ, баъдан кашфи мошинҳои электронии ҳисоббарор, кашфи интернет ва зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои ҷадиди замони муосир натиҷаи худи ҷаҳонишавӣ буд. Ҳамкориҳо, робитаҳо ва ниҳоят вобастагиҳо давлатҳои миллиро маҷбур намуданд, ки онҳо барои бақои худ, барои мустаҳкам кардани мавқеи худ, барои нигоҳ доштани худ дар харитаи сиёсии олам ва дар мавқеи ҷуғрофии худ талошҳо биварзанд ва чораҷуиҳову дигар корҳоро анҷом диҳанд.
Дар шароити муосир сатҳи бениҳоят ташаккулёфта ва ниҳоии ҷаҳонишавӣ ба амал омада истодааст. Таърих чунин миқёси васеи ҷаҳонишавиро ёд надошт. Чунин шакл гирифтани тавсеаи ҷаҳонишавӣ аз омилҳои гуногун вобастагӣ дорад. Масалан, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии замони муосир сарҳадҳоро убур кард ва имрӯз фазои иттилоотии глобалӣ сарҳад надорад. Технологияҳои навине, ки дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқ ва соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд омадаанд, ба рушду инкишофи давлатҳо таъсири амиқ мерасонанд. Айни замон дар як қатор кишварҳои олам истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба мушоҳида мерасад. Чунин тамоюлот аз пайдоиш ва минбаъд ташаккул ёфтану васеъ гардидани миқёси фаъолияти ташкилотҳои фаромиллӣ низ вобастагии зиёд дорад. Ин ва дигар омилҳо ба тавсеаи ҷаҳонишавӣ таъсири хеле зиёд мерасонанд. Дар маҷмӯъ, гуфтан мумкин аст, ки ҷаҳонишавӣ, аз лиҳози оне, ки ҳаракати сармоя, молу маҳсулот, дониш, технологияҳоро тақвият медиҳад ва метезонад, ба манфиати инсоният аст. Айни замон аз дастовардҳои илму техника инсоният метавонад баробар истифода кунад. Ин манфиати ҷаҳонишавӣ аст. Ҷаҳонишавӣ тавонист, ки ҳаракати арзишҳо ва дастовардҳои илму техникаро тезонад. Масалан, компютерро як миллат кашф кард, аммо онро айни замон тамоми инсоният истифода мекунад. Ё ин ки дигар технологияҳоро як миллат ё як ширкати фаромиллӣ кашф мекунад, онро дар кутоҳтарин муддат тамоми миллатҳо дастрас намуда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Аммо аз дигар лиҳоз агар ба ин масъала баҳогузорӣ намоем, бахусус агар сухан дар бораи тақдири ояндаи давлатдории миллӣ равад, аз фоида дида, зарари ҷаҳонишавӣ бештар аст. Раванди ҷаҳонишавӣ пояҳои давлатдории миллиро заиф мегардонад. Зеро ин раванд аз лиҳози иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғ. вобастагии давлатҳоро бештар мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз оне, ки истиқлолияти давлатии худро ба даст овард, ҳамчун субъекти комилҳуқуқи низоми муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуд ва эътироф гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз субъектҳои ин низом аст. Ҳар як субъекти низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳамзамон субъекти равандҳои ҷаҳонишавӣ низ ҳаст. Онҳо аз ин равандҳо дар канор буда наметавонанд. Агар бо назардошти паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ ба рушди минбаъдаи давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, мо таъсири манфии ин равандро мушоҳида карда метавонем. Аммо саривақт дар атрофи онҳо чораҷӯӣ кардан даркор аст. Зеро он кишварҳое, ки ин воқеиятро дарк кардаанду ба таври ғайрианъанавӣ амал намуда истодаанд, ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаанд. Масалан, яке аз муваффақиятҳои Сингапур, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва чанде дигар кишварҳо дар ин буд, ки онҳо тавонистанд саривақт ин паёмадҳоро дарк карда, муносибат ва рафтори худро ба воқеияти имрӯзаи ҷаҳонишавӣ мутобиқ кунанд ва тағйир диҳанд. Ба ҳамин хотир аввалин зараре, ки аз ҷаҳонишавӣ мебинад, ин истиқлолияти давлатӣ аст. Истиқлолияти давлатиро манфиати ҳаётан муҳим муаррифӣ менамоянд. Яъне, бақои давлату миллат аз истиқлолияти давлатӣ вобаста аст ва чи қадаре, ки пояҳои истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам шавад, ҳамон қадар эҳтимолияти дар оянда рушду инкишоф ёфтан боз бештар мегардад. Бинобар ин, истиқлолияти давлатиро мо метавонем дар симои истиқлолияти сиёсӣ зоҳир намоем ва истиқлолияти миллиро вобаста ба соҳаҳо ба истиқлолияти иқтисодӣ, фарҳангӣ, фикрӣ, кадрӣ ва ғ. ҷудо намоем. Ин ҷо бештар шудани вобастагии давлату миллат аз лиҳози иқтисодӣ, сиёсӣ, кадрӣ, илмӣ, техникӣ ва ғ. аз миллатҳо ва давлатҳои дигар зарба ба пояҳои истиқлолият аст. Чи қадаре ки дар ин соҳаҳо рушду инкишоф ба амал ояд, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки вобастагӣ коҳиш ёфтан мегирад. Бинобар ин, яке аз роҳҳои коҳиш додани таъсири ҷаҳонишавӣ ба истиқлолияти миллӣ ва истиклолияти давлатӣ дар он аст, ки мо бояд бештар ба масъалаи рушди ҳамин соҳаҳо таваҷҷуҳи бештар диҳем. Зеро зиёд шудани вобастагӣ натиҷаи ҷаҳонишавӣ аст. Аз ин рӯ, мо имрӯз бояд моделҳои гуногуни рушду инкишофи соҳавиро фикр карда, мавриди истифода қарор доданамон даркор аст. Он моделҳое, ки дар миёнаҳои асри ХХ ё дар охири асри ХХ истифода мекарданд, барои таъмини рушди соҳаҳо дигар ба кор намераванд. Зеро таҷрибаи кишварҳои тараққикарда нишон медиҳад, ки онҳо кайҳо аз моделҳои пештара даст кашидаанд. Масалан, собиқ сарвазири Сингапур Ли Куан Ю, ки яке аз асосгузорони модели прогрессивии ин кишвар аст, иброз намуда буд, ки «агар шумо хоҳед, ки аз ҷаҳони сеюм ба ҷаҳони якум ворид шавед (яъне аз кишвари сусттараққикарда ба кишвари тараққикарда табдил ёбед), шумо бояд, ки психологияи ҷаҳони сеюмро як су гузошта, психологияи ҷаҳони якумро қабул кунед».
Чизи дигаре, ки барои ҷомеаи мо бисёр арзишманд мебошад, ин ваҳдати миллӣ аст. Дар шароити ба амал омадани низоъҳои сиёсӣ, ҷангҳо ва бетартибиҳо ваҳдат нақши сулҳофариро иҷро мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ҷавҳари асосии суботи кишварро ташкил медиҳад. Мутаассифона, раванди ҷаҳонишавӣ ба ваҳдати миллӣ низ таъсири манфӣ расонида, суботи сиёсии кишварро халалдор мекунад. Бо назардошти чунин вазъ таҳдиду хатари ҷаҳонишавӣ дар марҳилаи кунунии давлатдории миллӣ бояд ҳамаҷониба омӯхта шаванд ва манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакат аз таъсири манфии онҳо ҳимоя карда шаванд.
Пеш аз оне, ки дар атрофи таҳдиду хатари ҷаҳонишавӣ ҳарф занем, аввал як масъаларо дар робита бо шинохти таҳдидҳо ёдоварӣ намудан хеле муҳим аст. Дар соҳаи амнияти миллӣ ҳамаи таҳдидҳоро, пеш аз ҳама, ба ду навъ ҷудо мекунанд: таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ. Як хусусияти муҳимми ба навъҳо ҷудо кардани таҳдидҳо дар он аст, ки вақте ки субъект дар бораи таҳдид маълумоти кофӣ надорад, ё ин ки бо ҳамин падида бори аввал аст, ки рӯ ба рӯ мешавад, барои вай ин гуна таҳдидҳо ғайрианъанавӣ мебошанд. Таҳдидҳои анъанавӣ ин мушкилиҳое ҳастанд, ки давлат ва миллат дар бораашон маълумоти кофӣ доранд ва таҷрибаи ҳалли онҳоро низ дар ихтиёри худ нигоҳ медоранд. Мутаассифона, ҷаҳонишавӣ шумораи таҳдидҳои ғайрианъанавиро бештар мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ миллатҳо ва давлатҳои миллӣ бо мушкилиҳо ва хавфу хатарҳое рӯ ба рӯ мешаванд, ки бори аввал бо онҳо бархӯрд намуда истодаанд. Аз ҳамин хотир пешгирӣ кардани чунин таҳдидҳо каме мушкил аст. Мушкилӣ дар он аст, ки оид ба ҳалли онҳо таҷрибаи зарурӣ мавҷуд нест. Масалан, имрӯз дар атрофи таҳдиду хатари зеҳни сунъӣ суҳбат мекунанд. Дар ин бора мо таҷрибаи кофӣ надорем. Масалан, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ ва роботизатсия метавонад як қатор касбу ҳунарҳоро аз байн бубарад ва касбу ҳунарҳои навро ба вуҷуд оварад. Аммо оқибатҳои он ҳанӯз ҳам норавшан аст. Аммо дар мавриди татбиқ ва пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии он таҷрибаи кофӣ надорем. Ё ин ки шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз одамонро аз китобхонию илмомӯзӣ дур намуда истодаанд. Аммо оқибатҳои манфии шабакаҳои мазкурро аксарият ҳанӯз ҳам дарк накардаанд. Рушди бемайлони технологияҳои иттилоотӣ имрӯз боиси пайдоиши кибертерроризм, терроризми иттилоотӣ, паҳн шудани ғояҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ, назарфиребии сиёсӣ ва ғ. шуда истодаанд. Инҳо таҳдидҳои ғайрианъанавие ҳастанд, ки дар шароити муосир мо бо онҳо бори аввал рӯ ба рӯ шуда истодаем ва баъди гузаштани як муддат ва пайдо кардани маълумоти мушаххас мо метавонем оқибатҳои онҳоро дарк карда, бартараф кунем. Лекин ба воситаи илму дониш ва таҳқиқоти илмӣ имкони саривақт муайян кардани оқибатҳои манфии ҳамин гуна падидаҳо мавҷуд аст. Аз ҳамин хотир маорифпарварӣ ва тарғибу ташвиқи донишҳои илмӣ бояд стратегияи афзалиятноки замони муосир дар сиёсати миллии ҳар як давлат бошад. Албатта, ҳифзи фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дигар манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат афзалиятнок ҳастанд. Аммо бе шароити лозима дар сатҳи зарурӣ ҳимоя кардани онҳо каме мушкил мегардад.
Бояд гуфт, ки дар баробари паёмадҳои манфӣ, ҳар як давлат метавонад аз раванди ҷаҳонишавӣ фоида низ ба даст оварад, агар худашро ба воқеиятҳое, ки дар зери таъсири ҷаҳонишавӣ ба амал омада истодааст, мутобиқ карда тавонад. Барои мисол, Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун кишвари дорои ҳудудҳои зиёд ва Кореияи Ҷанубӣ ҳамчун кишвари дорои ҳудудҳои камтар чунин амалро иҷро карда тавонистанд. Яъне, ҳудуди давлат дар мавриди мутобиқ шудан бо воқеиятҳои имрӯза он қадар нақши калон намебозад. Дар чунин маврид саволе пайдо мешавад, ки барои чӣ Ҷумҳурии Халқии Хитой имрӯз бо суръати баланд тараққӣ карда истодааст? Барои он, ки технология ва дастовардҳои илмию техникие, ки маҳсули ҷаҳонишавӣ буд, аз ҷониби соҳибкорон ва олимони хитоӣ нусхабардорӣ шуданд ва бо шароити миллии Хитой мутобиқ гардонида шуда, барои ҳифзи бозори дохилӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ ва ҳифзи арзишҳою дастовардҳои худашон мавриди истифода қарор гирифтанд. Бо ин роҳ Хитой тавонист, ки на танҳо бозори дохилии худашро аз они худ кунад, балки дар берун аз кишвар тавонист, ки бозорҳои дигарро низ ҳифз намояд. Лекин сабаби асосии ин гуна муваффақият танҳо илму технологияҳои навин аст, ки онҳоро хитоиҳо ҳамчун натиҷаҳои ҷаҳонишавӣ мавриди истифода қарор дода тавонистанд. Дар Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ низ ҳамин корро кардаанд. Яъне, ҷаҳонишавӣ имкон медиҳад, ки технологияҳои навин ва дастовардҳои нави илму техника, ки дар кишварҳои гуногуни олам ба амал омадаанд, дастрас карда шаванд ва мавриди истифода қарор гиранд. Аз ҳамин хотир чунин муносибат яке аз роҳҳои коҳиш додан ва пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии ҷаҳонишавӣ аст.
Мо тоҷикистониён бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки кишвари моро ҳеҷ кас обод намекунад ба ғайр аз худи мо, ватани моро ҳеҷ кас обод намекунад ба ғайр аз худи мо. Аз ҳамин нуқтаи назар мо бояд дарк намоем, ки дар шароити муосир ба ғайр аз донистани забони давлатӣ барои мутахассисони ҷавон донистани дигар забонҳои байналмилалӣ низ хеле муҳим аст. Ҳар як мутахассис ба ғайр аз забони давлатӣ бояд як ё ду забони байналмилалиро донад, то ки ба илми ҷаҳонӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ ворид шуда, дастовардҳои онҳоро барои ободии ватани худ истифода бурда тавонад. Имрӯз мо забонҳои хориҷиро бояд на ба он хотир омӯзем, ки рафта дар хориҷа кор кунем, балки забонҳои хориҷиро ба он хотир аз худ намоем, ки дастовардҳои илми ҷаҳониро барои ободии ватан истифода бурда тавонем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки он миллатҳо ва он давлатҳое, ки чунин рафтор намудаанд, тавонистаанд, ки дар самти рушди давлатдорӣ ва дар самти рушди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишвари худашон корҳои назаррас анҷом диҳанд. Дар ин самт таҷрибаи ҷопониҳо хеле ҷолиби диққат ва ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад. Ҳар як ҷопоние, ки ба хориҷа сафар мекунад, таҳсил мекунад, илм меомӯзад, таҷриба меомӯзад, ҳатман ба ватани худ баргашта на танҳо дар шаҳрҳо, балки ба зодгоҳи худ рафта донишу таҷрибаҳои андухтаашро барои ободии маҳалли худаш, барои ободии деҳаи худаш сарф мекунад. Як сирри рушду инкишофи онҳо низ дар ҳамин аст, ки онҳо ба шаҳрҳои тараққикарда майл намекунанд, баръакс аз шаҳрҳои тараққикарда дастовардҳоро барои обод кардани деҳаҳо ва маҳаллаҳои худашон истифода мебаранд. Воқеияти имрӯза ҳамин гуна рафторро тақозо мекунад.
Ҳамин тариқ, таҳлилу таҳқиқи паёмадҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ имкон медиҳад, ки воқеиятҳои замони муосир ошкор карда шаванд ва барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми мамлакат шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда шавад. Агар иқтидори инноватсионии ҷаҳонишавӣ ба манфиати рушди соҳаҳои мамлакат истифода бурда шавад, паёмади манфии ин раванд коҳиш меёбад. Дар ҳолати баръакс ҷаҳонишавӣ ба раванди ташаккулёбии давлатдории миллӣ таъсири манфӣ расонида, дар роҳи расидан ба ормонҳои миллӣ ба таври ҷиддӣ монеа эҷод менамояд.
Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ,
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент,
декани факултети фалсафаи ДМТ