Натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню-Йорки ИМА, бозтоби муҳимтарин нукоти суханронии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасти Душанбе, вокунишҳо ба суханони ҷанҷолбарангези мақоми баландпояи давлати Қирғизистон дар мавриди баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумлаи муҳимтарин матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 20 сентябр аз натиҷаҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мулоқоти Пешвои миллат бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити Ҳадафҳои рушди устувор, иштироки Сарвари давлати тоҷикон дар вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА ва иштироки Сарвари давлат дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид хабару гузоришҳои муфассал нашр ва матни суханрониҳои Пешвои миллатро пешкаши хонандагон намудааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин бо мақолае масъалаи либоси мактабӣ дар кишварро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, моҳҳои январ-июли соли равон аз ҳисоби корхонаҳои дӯзандагии кишвар беш аз 1 миллиону 730 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 527 ҳазор адад кам мебошад.
Сабаби асосии поёнравии истеҳсол дар анборҳои баъзе аз корхонаҳо, захира мондани либоси мактабӣ аз соли гузашта мебошад. Гуфта мешавад, ки тайи ҳафт моҳи соли равон сатҳи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ, дар маҷмуъ, ба 17,4 дарсад баробар аст.
Ба хулосаи муаллиф, корхонаҳои маҳаллӣ ҳанӯз барои иҷрои пурраи талаботи аҳолӣ ба либоси мактабӣ омода нестанд. Бо сабаби нарасидани таҷҳизоти нав, мутахассисони соҳибкасб ва тарроҳон дӯхти либоси мактабии писарон, яъне шиму костюм, хуб роҳандозӣ нашудааст. Инчунин, дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ таҷҳизоти муосири истеҳсоли тугма вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ҳамасола барои пурра қонеъ намудани талаботи писарон ба либоси мактабӣ маблағҳои зиёде аз ҷумҳурӣ берун мераванд, зеро талабот ба матои хориҷӣ зиёд аст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре хабар дод, ки дар натиҷаи имтиёзҳои пешниҳодшуда барои корхонаҳои истеҳсоли равған дар Тоҷикистон, нархи ин маҳсулоти ниёзи аввал коҳиш ёфт. Муаллиф менависад, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки чанд моҳ қабл 5 литр равғани рустанӣ то 120 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло бошад, ин нарх то ба 80-90 cомонӣ поён рафтааст.
Ба гуфтаи Парвиз Раҳимов, муовини сардори раёсати хӯроквории Вазорати саноати Тоҷикистон, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои равғанбарорӣ дар як сол 100 ҳазор тонна мебошад. Имсол кишти зироатҳои равғандиҳанда зиёд гардид ва зироатҳои равғандиҳандаи истеҳсолгардидаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо нархҳои дастрас ба корхонаҳои истеҳсоли равған равона гардид.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 18 сентябр хабару гузоришҳои расмӣ аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нашр кардааст. Аз ҷумла нашрия дар мавриди сафари ҳайати парлумони Тоҷикистон ба ҷумҳурии Корея, мулоқоти раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон С. Фаттоҳзода бо раиси кумитаи Маҷлиси Туркманистон Бегмурат Муҳаммедов хабар медиҳад.
Инчунин дар ин шумораи нашрияи “Садои мардум” мақолаи журналист Далери Абдуллоро бо номи «Муждаи оғози даврони эҳёи миллати тоҷик аз Қасри Арбоб» чоп крадааст. Муаллиф дар ин мақола атрофи рисолаи профессор С.Ятимов «Эҳёи миллат — бақои давлат» андешаҳояшро баён мекунад.
Дар хусуси фосилаи арзишҳо ва қаробати хурофот, хунрезии байниҳамдигарии мусулмонон, дин ва пешрафти ҷомеа, муаллиф бо такя ба суханони профессор С. Ятимов мулоҳизаҳо пешниҳод карда, барҳақ бунёдгузори даврони эҳёи миллати тоҷик будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намудааст.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар матлаби дигари хеш хабар медиҳад, ки чанд моҳ боз бузургтарин корхонаи саноатии шаҳри Бохтар – ҶСК «Трансформатор» фаъолият надорад.
Ба навиштаи ин манбаъ, айни замон дар анбори ин корхонаи азими саноатӣ беш аз 290 трансформатори истеҳсолгардида бе харидор аст. Бино ба гуфти Афзал Юсуфзода мудири шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Бохтар, сабаб он аст, ки ҶСК «Барқи Тоҷик» шартномаро бо корхонаи ҶСК «Трансформатор» қатъ кард.
Бар асоси омори расмӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 ҶСК «Трансформатор» ба маблағи 15 миллиону 741 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда буд. Аммо ин нишондиҳанда дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ то ба 7,4 миллион сомонӣ кам шуд.
Ба гуфтаи Афзал Юсуфзода, ки ҶСК «Барқи Тоҷик» аз ҶСК «Трансформатор» 20,3 миллион сомонӣ қарздор аст. Аз сӯи дигар ба гуфтаи Раҷабалӣ Бояков роҳбари техникии «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар, аз рӯзе, ки ҶСК «Барқи Тоҷик» шартномаро бо ҶСК «Трансформатор» қатъ кард, ба «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Бохтар трансформатори нав ворид нагардидааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 20 сентябр, мақолаи сиёсатшинос Абдулло Раҳнамо бо номи “Чаро изҳороти Тошиев барои тамоми минтақа хатарнок аст?” чоп кардааст.
Муаллиф дар посух ба иддаои навбатии Қамчибек Тошиев раиси Кумисюни давлатии ҳалли масъалаҳои марзӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон навишт, ки аз назари замон, макон, мазмун, сатҳ ва тарзи баёни ин изҳорот, метавон гуфт, ки он барои ҳалли масъалаи марзҳо, барои муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ва умуман, барои минтақаи Осиёи Марказӣ паёму пайомади мусбате надошта, фазои нисбатан оромгаштаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бори дигар ба чолиш рӯбарӯ кард.
Ба таъкиди муаллиф агар ин даъво ва тарзи гузориши масъала то рӯи мизи музокироти расмии дуҷониба ояд, он моҳият ва дурнамои ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни ду кишварро на танҳо комилан тағйир медиҳад, балки ба бунбасти ниҳоӣ ва барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ бисёр хатарнок ворид месозад.
Муаллиф дар хулоса зикр мекунад, ки муҳимтар аз ҳама, агар баҳси марзҳо ба мавзӯи “ҳақиқати таърихӣ”, “заминҳои аҷдодӣ” ва вазъияти “садҳо сол пеш” кашида шавад, бозандаи асосии он маҳз худи он даъвогарон хоҳанд буд, зеро дар он замонҳо дар ин минтақа аз ин қавм ва хоса аз замину давлати он ному нишоне набудааст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 21 сентябр масъалаи афзоиши туфонҳои чангу ғубор дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, навиштааст, яке аз аз сабабҳои ин ҳолат буридани зиёди дарахтон ва афзоиши якбораи сохту соз дар кишвар аст.
Ба навиштаи муаллиф, солҳои 60-70-уми қарни гузашта дар ҷануби вилояти Хатлон дар натиҷаи парвариши шумораи зиёди дарахтон дар баробари обёрии заминҳои кишоварзӣ, туфони чангу ғубор ба Душанбе ва ноҳияҳои атроф намерасид.
Аммо тайи 10-20 соли охир вазъият якбора тағйир кард, ки сабаби асосии он гармшавии ҳаво, коҳиши боришот, буридани шумораи зиёди дарахтон ва зиёд шудани корҳои сохту соз дар тамоми минтақа аст. Инчунин яке аз дигар сабабҳои олудашавии ҳаво ин зиёдшавии партови воситаҳои нақлиёт дар шаҳрҳои бугург аст.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”