Баргузории ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Шӯро роҳбарияти вазоратуидораҳо, намояндагони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар оғози Шуро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ карда, иброз дошт, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, як қатор ташаббусҳои созанда нисбат ба рушди ин соҳаи муҳими иқтисодӣ амалӣ гардиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуда, таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ рӯз аз рӯз ба Тоҷикистон зиёд гардида истодааст, – илова намуд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён.

Дар идома раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Камолиддин Муминзод оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2022 гузориш дода, ҳамзамон қайд намуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ имрӯз тамоми заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ таъмин буда, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030″ барои солҳои 2023 – 2026” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022 тасдиқ гардида, мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар кори ҷаласаи Шӯро зикр гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати нимсолаи аввали соли 2023 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 627 ҳазору 931 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба давраи соли гузашта 181 ҳазору 876 нафар ё 40,7 % зиёд мешавад. Аз ин шумора 487 ҳазору 403 нафарашон ба ҳайси сайёҳӣ арзёбӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 124 ҳазору 314 сайёҳ ё 34,2% зиёд мебошад.

Дар хотимаи ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба аъзои Шӯрои байниидоравӣ, масъулони тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ҷоннок намуда, дар ин самт масъулияти ҷиддӣ дошта бошанд.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”