Боздиди намояндагони ВКД аз шуъбаи Москваи Департаменти муҳофизаи шаҳри Брест

7-уми сентябри соли 2023, ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ализода Анварҷон Ҷума, дар маросими гулгузорӣ ба оташи абадии маҷмааи ёдгории “Қалъаи қаҳрамон – Брест” дар Ҷумҳурии Беларус ширкат варзиданд.

Тавре Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷуҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, маросими мазкур дар доираи Анҷумани XX-уми кушоди ҷумҳуриявии азназаргузаронӣ – озмуни маҳорати касбии кормандони Хадамоти (Департаментҳои) «Муҳофиза»-и Вазоратҳои корҳои дохилии Беларус, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз рӯзҳои 4 то 8-уми сентябр дар Ҷумҳурии Беларус доир гардида истодааст, роҳандозӣ гардид.
Сипас, ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили фаъолияти хизматии шуъбаи Москваи Департаменти муҳофизаи шаҳри Брест, воситаҳои нақлиёт ва тарзу усули корбарии техникаю таҷҳизоти ҳозиразамон, ки дар самти хадамоти муҳофиза мавриди истифода қарор доранд, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиёни Анҷуман ҳамчунин аз Осорхонаи миллии таърихӣ ва фарҳангии «Несвиж»-и шаҳри Несвижи Ҷумҳурии Беларус ва дигар ҷойҳои ҷолиби таърихии ин кишвар боздид ба амал оварданд.
Бояд тазаккур дод, ки Анҷумани мазкур ҷиҳати васеъ гардидани имкониятҳо, мубодилаи таҷриба ва робитаҳои зичи касбӣ бо ҳамкорони дигар давлатҳо дар самти хадамоти муҳофиза мусоидат менамояд.