Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем!»

 «Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро ба хотири рушди давлатамон ва ободии сарзамини аҷдодиамон равона созем»,-чунин изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Паёми шодбошии худ ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ.

Ба гуфтаи Роҳбари давлат,  ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад

Пешвои миллат муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар як фардро дар ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо унвон намуданд.

«Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан, ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем», — изҳор доштанд  Президенти мамлакат.