Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Hyatt regency “Форуми байналмилалии сайёҳии “Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ” ва Намоишгоҳи “Душанбе – шаҳри сайёҳӣ” – ро баргузор намуд. Дар кори Форум намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои иштирокчии ИДМ, намояндагон аз сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистонӣ ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Дар кори Форум масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок, инчунин алоқамандии тарафайн бо густариши минбаъдаи робитаҳо байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва давлатҳои иштирокчии ИДМ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. Дар оғози форум муовини Сарвазири мамлакат, Матлубахон Сатториён баромад карда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таърихи куҳан ва фарҳанги қадимаю анъанаҳои миллӣ буда, табиати зебою обҳои шифобахш ва мкониятҳои зиёди сайёҳӣ дорад.
Бояд гуфт, ки дар “Форуми байналмилалии сайёҳии “Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ” ва Намоишгоҳи “Душанбе – шаҳри сайёҳӣ” ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии давлатҳои иштирокчии ИДМ силсилаи созишномаҳоро бо мақсади тақвияти бештари ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар ба имзо расониданд. Афзалшо Исматов мутахасиси соҳаи сайёҳӣ буда, дар форуми мазкур аз номи ҷамъияти “Тоҷикон” – и шаҳри Қазони ФР иштирок намуд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки Тоҷикистон мавзеъҳои зиёди тамошобоб ва табиати зебо дорад ва мо имрӯз барои он ҷамъ омадем то мушкилоти мавҷудаи ин соҳаро дар кишвар бартараф карда, шумораи бештари сайёҳонро ҷалб намоем.
Зуҳро Сайдалиева корманди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки мақсад аз баргузории “Форуми байналмилалии сайёҳии “Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ” ва Намоишгоҳи “Душанбе – шаҳри сайёҳӣ” тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои иштирокчии ИДМ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ, татбиқ намудани ҳадафҳои рушди устувор дар самти сайёҳӣ ва дигар паҳлуҳои масъалаҳои соҳа арзёбӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳошияи Форуми “Марҳилаи нави ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ” дар муассисаи давлатии “Боғи Ирам” Намоишгоҳи сайёҳии “Душанбе шаҳри сайёҳӣ” бо намоиши молу маҳсулоти сайёҳӣ, – ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳо ва лавозимотҳои сайёҳӣ, таомҳои миллӣ, имконият ва мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни Форум гардонида мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“