Мунтахаби футболи Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур тамринҳои навбатиашро анҷом дод.
Тамринҳои футболбозон дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор гардида, беш аз як соат идома ёфт. Сармураббии мунтахаби кишвар Петр Сегрт барои бозии дӯстона 19-бозигарро бо худ ба Сингапур бурдааст.
Бояд қайд намоем, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапур ва Тоҷикистон рӯзи 8-сентябр дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор мегардад.