Рӯзи 24-август дар Чемпионати ҷахон оид ҷудо миёни наврасон, рақобатҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон ва дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон сурат гирифт.
Дар ин рӯзи рақобатҳо паҳлавонони навраси тоҷик – Бобокалонов Ёсин (-60кг) дар даври аввал варзишгари Тайпейи Чин Минг Йен-Лай, дар даври дуюм намояндаи Бразилия Бруно Нобрега, дар 1/4 финал варзишгари Украина Данило Кравченкоро мағлуб намуда, дар нимфинал аз варзишгари Исроил Исхак Ашпиз шикаст хӯрд, ва барои ҷои сеюм варзишгари Руминия Тудор Мосойро ноком карда, медали биринҷиро ба даст овард .
Варзишгари дигари тоҷик –Лоиқов Муҳаммадамин дар вазни -66кг ҷои ҳафтумро гирифт. Ӯ дар даври аввал варзишгари Шведсия Александр Марлов ва дар даври дуюм варзишгари Кипр Лаковос Кураулиро шикаст дод. Лекин дар рақобати 1/4 финал аз варзишгари Гурҷистон Георги Дурайдзе ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз Антонио Роча шикаст хӯрда, ҷои ҳафтумро касб кард.
Имрӯз, рақобатҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг -90кг +90кг миёни мардон ва дар вазнҳои -63кг, -70кг +70кг миёни бонувон сурат мегирад. Дар ин рӯзи рақобатҳо Тоҷикистонро дар вазни -73кг Абдуҷалилзода Аминҷон намояндагӣ мекунад.