Дастаи ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии Далер Қаёсов дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (U-17), ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардида истодааст, дуюмин пирӯзиро ба даст овард.
Дар доираи бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола, бозии аввал соати 18:00 байни тимҳои Эрон ва Афғонистон ва соати 21:00 рақобати мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.
Дар ин давр наврасони тоҷик тавонистанд, ки бо ҳисоби 4:1 тими ҷавонони Қирғизистонро шикаст дода, ба садри ҷадвал бароянд. Дар бозии дигар тими ҷавонони Афғонистон тавонист бо ҳисоби 2:1 тими Эронро ноком кунад.