Натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бардошт аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ, мушкилоти ҳамешагӣ дар фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ва раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар аз мавзӯҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 16 август аз сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус аз ҷараёни сафар ба ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва ифтитоҳи чандин иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маъмурӣ дар ин ноҳияҳо гузориши муфассал чоп кардааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумора рӯзи 17 август дар робита ба Рӯзи иди касбии табибони тоҷик, мақолаи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикстонро чоп кардааст.
Ба гуфтаи Абдуллозода, яке аз дастовардҳои соҳа ин ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат дар муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар аст. Дар муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон 12 навгонӣ, аз ҷумла гузоштани адасаи дохилии чашм, истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунук, буриши метаболикии меъда, лифтинги эндоскопии пешонӣ, ҷорӣ намудани ташхиси сили ниҳонӣ, гузоштани стент ба ковокии трахея ҳангоми тангшавӣ, амалӣ карда шуданд.
Инчунин ба гуфтаи вай, дар Тоҷикистон ба 124 бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронда шуд, аз ҷумла ба 94 нафар ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 30 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар анҷом дода шуд.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи вазири тандурустӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ 57 корхонаи истеҳсоли зиёда аз 560 намуд ва 320 номгӯи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахшро ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббии истеҳсолшуда, зиёда аз 40 миллионро ташкил дод.
Нашрияи “Ҷумҳурият” инчунин дар шумораи 16 август бо нашри матлабе аз истифодаи вожаи “миллӣ” дар ошхонаву нуқтаҳои ғизои зудтайёр дар пойтахт интиқод крадааст. Муаллиф менависад, дар кӯчаву хиёбонҳо, махсусан бозорҳо, шоҳиди он мегардем, ки зери чунин гӯшаҳо хӯрокҳои зудпаз, ки ягон хусусияти миллии моро доро нестанд, дар фурӯшанд. Худ қазоват кунед, ки хӯрданиҳое мисли хот-дог, бургер, шаурма, пирашки, чебурек ва ғайра магар метавонанд дар рӯйхати хӯрокҳои миллии мо бошанд?
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 14 август мақолае бо номи “Дар доираи ташаббусҳои Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом меёбанд” чоп карда, амалисозии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обро матраҳ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи башарӣ аз мушкилот ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ дар канор буда наметавонад, баръакс аллакай панҷумин иқдом ва ташаббуси худро барои ҳалли мушкилоти об ва вазъи пиряхҳо пешниҳод кардааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли саривақтии ин мушкилот ҷалб созанд.
Муаллиф таъкид мекунад, ки мушкилоти марбут ба истифодаи захираҳои об дар маҷмӯъ ба масоили ҳифзи пиряхҳо — сарчашмаи асосии обҳо дар кишвари мо ва минтақа пайвандии бевосита доранд.
Мусаллам аст, ки пиряхҳо сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ ва ширинанд, вале тағйирёбии иқлим барои ҳифзи онҳо монеа эҷод мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур солҳост, ки таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва Ҳукумати кишвар барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои умумиҷаҳонӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 16 август, аз нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар нашр карда навиштааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,7 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Инчунин зикр мешавад, ки дар семоҳаи аввали соли 2023 ба ҷумҳурӣ 736,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки аз он 86,5 миллион долларро сармояи мустақим ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ба иттилои ин вазорат, содироти мол аз кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 678,6 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2 дарсад ё 536,6 миллион доллар кам аст. Омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот ин кам шудани ҳаҷми содироти металҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта ва алюминийи аввалия арзёбӣ шудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 16 август дар робита ба дуввумин соли ҳукумати Толибон дар Афғонистон матлабе нашр карда, навишт,ки гурӯҳи Толибон дар ин муддат аз имтиҳон нагузашт.
Дар ин робита муаллиф бо истинод ба гузориши СММ менависад, ки Толибон ба нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла тавассути амалисозии як сиёсати табъизи сартосарӣ ва ғуломии занону духтарон идома медиҳанд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз вазъияти давомдори тамбашавии нақлиёт дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе, назди маркази савдои “Садбарг” ва майдони муҷассасаи устод Айнӣ ба шиддат интиқод кардааст.
Муаллифи матлаб рӯзноманигор Бобоҷони Шафеъ нигоштааст, “аз назди маркази савдои “Садбарг” раҳгузар будам ва манзарае, ки пеш ҳама медидам, ин бор ба назарам бадтарину бадтарин буд”.
Ба гуфтаи муаллиф, ду қатор назди истгоҳро таксиҳои зард банд кардаанд, ронандагонашон дар интизори мусофир ва саргарми телефонбозӣ буда, бештар аз он мусофирбарҳои самти Ваҳдат истодаанд. Дар ин шароит тролейбусу автобусҳо ноилоҷ дар хати сеюм қарор мегиранд ва одам савор мекунуанд ва чун аз қафо пайваста садои сигнал ба гӯш мерасад.
Муаллиф дар фарҷом савол гузоштааст, ки чаро мо ҳамарӯза инро мебинему борҳо навиштаем, вале дар як гӯшаҳаки хеле хӯрду серомадурафти пойтахти кишвар моҳҳову солҳо нақлиётро ба низом намедароранд.
Билохира, оё ниҳоде дар шаҳрдории Душанбе пайдо мешавад, ки ҷилави ин мошинҳои худсарро бигирад? То кай нависанду гӯянду, вале масъулин гӯш ба карӣ зананду чашм ба кӯрӣ?
Нашрияи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 17 август дар робита ба андозбандии ширкатҳои интернетии хориҷӣ, ки ба шаҳрвандони кишвар хизматрасониҳоии пулакии фосилавӣ мерасонанд, матлабе чоп кардааст.
Ба иттилои ин нашрия, айни замон дар Кумиати андоз 28 ширкати хориҷии интернетӣ сабти ном шуда, ин ширкатҳо аз ҳисоби хизматрасонӣ ба шахсони воқеъӣ дар Тоҷикистон ба буҷаи давлати мо 2,7 млн сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда пардохт кардаанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”