Муштзани шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов набарди навбатиашро дар бокси касбӣ доир намуд. Ин набарди 6-уми ӯ дар варзиши ҳирфаӣ ба ҳисоб меравад.
Ин набард дар мусобиқоти навбатии созмони «RCC Boxing Fest» баргузор гардид. Ҷуфти сеюми мусобиқот ҷуфти боксчии тоҷик Баҳодур Усмонов ва боксчии рус Артём Пугач буд. Рақобати мазкур дар вазни 61кг сурат гирифт.
Раундҳои аввали дидор қариб ки бе зарба хотима ёфт. Муштзанон ҳамдигарро хуб омӯхтанд. Ду раунди аввал бо фишорҳои пай дар пайи Баҳодур паси сар шуд. Артём низ ба ҳамлаҳои ӯ ҷавобан зарба мезад. Ҳамин буд, ки то нимаи набард Артём Пугач аллакай бемадор шуду зарбаҳои пайиҳамро қабул кард.
Раунди 5-ум буд, ки Артём як аксуламали хуб нишон дод ва Баҳодурро ба нокдаун фиристод. Раунди 5-ум бо вазнинию фишорҳо аз сӯи рақиб паси сар шуд. Баъди танаффус Баҳодур Усмонов пурра ба худ омад ва дигарбора ҳамлаҳои ҳадафрасро идома дод. Раунди 7-ум пурра бар суди Усмонов ҷамъбаст гардид. Ҳамин тариқ баъди 8-раунди рақобати шадид, набарди Усмонов ва Пугач ба анҷом расид.
Қарори доварон якдилонаву яковоза буд. Баҳодур пирӯзии 6-уми худро дар бокси касбӣ истиқбол кард. Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур дар шаҳри Екатеренбург баргузор шуд ва ягона намоянда аз Тоҷикистон дар ин сабкатҳо Баҳодур Усмонов ба ҳисоб мерафт.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар бокси касбӣ 2-рақобатро бо пирӯзии нокаут ва 4-ғалабаро тариқи қарори якдилонаи доварон паси сар кардааст. Инчунин Баҳодур дар мусобиқаҳои қоравию ҷахонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад ва умед мебандем, ки ӯро дар Бозиҳои олимпии Париж 2024 бубинем. Дар идомаи корномааш ба Баҳодур комёбӣ таманно менамоем!