Хайриддин Усмонзода директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ зимни нишасти хабарӣ гуфт, таҳлилгарони Марказ ба тамоми масъалаҳои баррасишаванда нигоҳи холисона доранд.
Ба иттилои Хайриддин Усмонзода кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 65 тақриз ба рисолаву мақолаҳо навиштаанд. Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки дар сомонаи Марказ дар давраи ҳисоботӣ 26 адад вокуниш, аз онҳо ба забони тоҷикӣ 21 адад, ба забони русӣ 5 адад ҷой дода шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар шаш моҳи аввали соли 2023 кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 161 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 1691 саҳифа пешниҳод кардаанд ва 78 маводи пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо мавриди таҳлили коршиносӣ қарор дода шудааст.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”