Нақшаи қабули донишҷӯён дар Донишкадаи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон то имрӯз 83 дар сад иҷро гардидааст ва роҳбарияти донишгоҳ умедворанд, ки бо гузаронидани даврҳои дуюм ва сеюми тақсимоти донишҷӯён ин нақша 100 фоиз иҷро карда мешавад. Зимни нишасти хабарии Донишкадаи мазкур дар ин бора иттилоъ дода шуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки имсол дар донишкада ихтисоси “Рӯзноманигории байналмилалӣ” ташкил карда шудааст. Илова бар ин дар Донишкада кафедраи ҳарбӣ фаъолият мекунанд, ки баъди хатми донишҷӯён ба онҳо рутбаи летинанти хурд дода мешавад.
Инчунин зимни нишаст таъкид гардид, ки аз ҳисоби маблағҳои махсус аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати омӯзгорону коргарони донишкадаро то 15 фоиз боло бардорад. Ҳамзамон дар нишасти хабарии донишкадаи базкур гуфта шуд, ки солҳои охир донишдӯён бештар дар самти саёҳӣ ихисосҳои худро интихоб мекунанд.
Сарвинози Сайидалӣ
радиои “Тоҷикистон”