Бо мақсади пурра ба суғурта фаро гирифтани ҳаёт, саломатӣ, масъулият ва молу амволи шахсони ҳукукию воқеӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 63 филиал ва 6 намояндагии Корхона хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуди суғурати ҳатмӣ ва 9 намуди суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондаанд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ намояндагони ин сохтор ба рӯзноманигорони ВАО омма иттилоъ доданд. Директори генаралии Корхонаи воҳиди давлати “Тоҷиксуғурта” Шухрат Мақсудзода зикр намуд, ки Корхона дар нимсолаи аввали соли 2023 ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида дар ҳаҷми 1587,0 ҳазор сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд, ки аз ин 16,5 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва 1570,0 ҳазор сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд.
Мавриди зикр аст , ки ҳаққи суғуртаи ҳатмии давлатӣ аз хисоби буҷети давлатӣ ғайринакди пардохт мегардад. Ҳамчунин Корхона дар нимсолаи аввали соли 2023 бо шахсони ҳукуқию вокеӣ дар маҷмуъ 250465 адад шартномаҳои суғуртавӣ ба имзо расонидааст.
Иноятова Ширин
радиои “Тоҷикистон”