Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон аз дигаргун шудани симои Душанбе гуфт

“Душанберо шинохта намешавад” – ин нуктаро Низом Мирзозода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ дар нишасти хабарии ниҳодаш, дар посух ба суоли рӯзноманигорон, дар мавриди тарҳрезӣ шудани биноҳои “Чойхонаи Роҳат” ва театри академиву драмавии ба номи А. Лоҳутӣ баён дошт.

Ӯ иброз намуд, ки ҳар нафаре аз хориҷ ба шаҳри Душанбе ворид мешавад, дигаргуниҳои меъмориву сохтмониро зуд мушоҳида мекунад, вале дар чашми он нафароне, ки дар дохили шаҳр зиндагӣ мекунанд, навгониҳо он қадар наменамоянд. Раиси Кумитаи меъморӣ инчунин таъкид кард, ки ҳоло тақдири ин ду бинои таърихӣ тибқи нақшаи генералӣ мавриди баррасӣ қарор доранд ва ҳар биное, ки агар ба манфиати шаҳрдорӣ бошад, ҳатман мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ афзуд, ки имрӯз ҳолате ба миён омадааст, ки шаҳри мо барои баъзе аз иншоот ниёз дорад. Агар биноҳое, ки дар қарори ҳукуматӣ дарҷ наёфта бошанд ва зарурат пайдо шавад, мо метавонем ба ҷойи дилхоҳ бино иншооти дигареро бунёд созем.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ба маблағи 15 миллиону 654 ҳазору 531 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 101,7 фоизи ҳамин давраи соли 2022-ро ташкил намуд. Ин нукта зимни нишасти хабарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ иброз гардид. Қайд шуд, ки Кумита бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, бо мақсади таъмини зилзилатобоварии бинову иншоотҳо, пас аз ҳодисаи дар давлатҳои Туркия ва Сурия рухдода, барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоотҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Россияро таъсис дод.
Инчунин дар нишасти хабарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабарнигорон ба чигунагии мустаҳкамии биноҳои шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Низом Мирзозода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ дар ин маврид афзуд, ки ҳамаи биноҳое, ки дар ҷумҳурӣ сохта мешаванд зери назорати бевоситаи коммисияи назоратии Кумита қарор дошта, камбудиҳо саривақт бартараф мегарданд ва танҳо дар ҳамон биноҳое иҷозаи иқомат дода мешавад, ки ба тамоми талаботҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ бошанд.
Ҳамзамон дар нишасти хабарӣ зикр шуд, ки айни замон, таҳияи нақшаи генералии шаҳри Хоруғ дар таҳрири нав, лоиҳаҳои муфассали банақшагирии марказҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Панҷакент, Варзоб, Исфара, Бӯстон, Шаҳринав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Сангвор, Хуросон, Муъминобод, Ҷайҳун, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, қисматҳои алоҳидаи шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат идома доранд. Маврид ба зикр аст, ки нишасти хабарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ тибқи регламенти муайяншуда як соати расо идома ёфта, рӯзноманигорон ба суолҳои пешниҳоднамудаи худ посух гирифтанд.

Парвина Самандарзода,

радиои “Тоҷикистон