Гиёҳҳои шифобахши баландкунандаи масуният кадомҳоянд?

Цветок эхинацея – посадка и уход в открытом грунте. Выращивание эхинацеи из семян, способы размножения. Описание, виды. ФотоЭхинатсея – ин  растаниро гулпарварҳо  хуб  мешиносанд, ки он  хусусиятҳои мӯъҷизанок  дорад. Ин гиёҳ табиби хонагӣ буда, бар зидди вирусҳо ва бактерияҳо мубориза мебарад. Хусусиятҳои табобатии эхинатсея ба моддаҳое, ки ин растанӣ дорад, вобаста аст.

Полисахаридҳо ҳуҷайраҳои масуниятиро фаъол мегардонанд, имконияти нест кардани вирусҳо ва бактерияҳоро пурзӯр менамоянд.

Равғанҳои эфирӣ – таъсири зиддибактериявӣ мерасонанд.

Флавоноидҳо таъсири зиддиоксидантӣ мерасонанд, радикалҳои озодро безарар мегардонанд ва пиршавии баданро суст мекунанд.

Сапонинҳо балғамро тунук, холестерини зиёдро мебароранд.

Инулин ҳаракати ҳуҷайраҳои масъуниятиро дар самти илтиҳоб фаъол  менамояд.

Эхинакозид моддае, ки ба стрептококкҳо ва стафилококкҳои марговар таъсир мекунад, қуввати таъсираш ба пенитсиллин баробар мебошад.

Илова бар ин, ҳамчун гормонҳои ғадудҳои болои гурдаҳо таъсир мерасонанд: ба инкишофи устувории бадан ҳангоми стресс ёрӣ мерасонад, ҳассосиятро паст мекунонад, варами бофтаҳоро дар ҷойҳои илтиҳоб кам менамояд.

Дорувориҳоро аз эхинатсея барои баланд бардоштани масъуният пеш аз фарорасии вақти шамолхурӣ, табобати пурраи илтиҳоби гурдаҳо ва шошадон, бемориҳои аутомасъунӣ (полиартрити ревматоидӣ, диабети қанди намуди якум,  склерози  пароканда), бемориҳои вазнини системавӣ (сили тараққикунанда, атеросклерози паҳнии рагҳои қалбӣ ва мағзи сар, бемориҳои   саратон истифода  мебаранд.

Усулҳои асосии истифодабарӣ

Сибға аз эхинатсея

Барои тайёр намудани сибға аз эхинатсея 200 грам барг ва пояҳои эхинатсеяи ботароват ё аз дорухона ашёи хушкро харида (50,0 гр.) ба зарфи шишагии торик ҷойгир кардан лозим аст. Пас аз он аз болояш 1 литр спирти 40% рехта, дар муддати 30 – 40 рӯз нигоҳ доштан лозим аст. Дар давоми тайёр кардан маҳлулро дар вақт – вақташ такконда, баъд меполонанд. Дар ҷои торик  маҳфуз медоранд. Сибғаро аз дорухонаҳо дарёфт кардан мумкин аст.

Тарзи қабул кардан аз намуд ва ҳолати беморӣ вобаста аст.

Дар бемориҳои шадиди сироятӣ аз рӯи ин нақша қабул мекунанд: қабули аввалин 40 чакра, дуюм (баъди 2 соат) 20 чакра. Дигар рӯзҳо то сиҳат шудан 20 чакрагӣ 3 маротиба пеш аз хӯрок. Давомнокии табобат набояд аз 10 – 14 рӯз зиёд бошад.

Барои мустаҳкам кардани масъуният дар давраи тирамоҳу зимистон тавсияи табобати 2 ҳафтагӣ бо миқдори 20 чакрагӣ 3 маротиба пеш аз хӯрок дода мешавад.

Обпаз аз эхинатсея

Барои онҳое, ки табиаташон ба қабули маҳлулҳои спиртӣ зиднишондод мебошад, обпазро истифода бурдан мумкин аст. Як қошуқи калони гиёҳҳро ба термос андохта, аз болояш 0,5 л оби ҷӯшида мерезанд, 12 соат дам медиҳанд.  Пас аз он обпазро полида, боз 0,5 л оби ҷӯш мерезанд. Тарзи истеъмол -100 мл 3  маротиба дар як рӯз, ним соат пеш аз хӯрок дар давоми 10-14 рӯз.

САБР  (АЛОЭ)

Барои табобат баргҳои ин гиёҳро истифода мебаранд. Шарбати гиёҳ зиёда аз 200 қисматҳои фаъол дорад, аз он ҷумла: микро ва макроэлементҳо, витаминҳо, ферментҳо, аминокислотаҳо… Пайвастагиҳои кимиёвии хусусӣ бо номи легнинҳо таъсири ифоданоки зиддиреширо мерасонанд.

Дар ҷавҳари (экстракт) сабр моддаҳое ҷойгиранд, ки ба муҳосира кардани озодшавии гистамин – моддаи дар илтиҳоб ва ҳассосият иштироккунанда кумак мерасонанд. Ҳамчун натиҷа таъсири зиддиҳассосӣ ва зидди илтиҳобӣ мушоҳида карда мешавад.

Олимон исбот кардаанд, ки сабр равишҳои барқароршавии ҳуҷайраҳоро пурзӯр намуда, тақсимшавӣ ва инкишофи онҳоро фаъол мегардонад.

Сабр муқовимати баданро нисбати бактерияҳо ва вирусҳо баланд мекунад. Шарбати сабр моддае бо номи каризин дорад, ки ба ҳуҷайраҳои системаи масъуниятӣ таъсири фаъолкунии истеҳсоли простагландинҳо мерасонад. Ин моддаҳои фаъоли биологӣ барои нест кардани бактерияҳо ва вирусҳо хело лозиманд.

Хусусияти ҷавҳари сабр дар чуқур ворид шудан ба бофтаҳои бадани инсон мебошад, ки он аз ҳисоби андозаи хурди молекулаҳои моддаҳои фаъол мебошад.

Дар тибби халқӣ сабр дар ин ҳолатҳо истифода бурда мешавад:

  1. Барои мустаҳкам кардани бадан бар зидди бемориҳои сироятноки музмин (сил, остеомиелит);
  2. Ҳангоми вайроншавии ҳазми хӯрок;
  3. Дар ҳолати рӯҳпастӣ;
  4. Ҳангоми бехобӣ;
  5. Ҳангоми қабзият.

Дар тибби расмӣ тазриқи ҷавҳари сабрро дар бемориҳои чашм, зиққи нафас, илтиҳоби узвҳои ҷинсии занона тавсия мекунанд.

Зиднишондодҳо:

  1. Ҳомиладорӣ
  2. Бемории бавосир.
  3. Илтиҳоби шошадон.
  4. Хунравӣ аз бачадон.

Пеш аз истифода сабурро фаъолнок кардан лозим аст. Барои ин баргҳои дар поён ҷойгирбудаи сабри 3 – 5 соларо бурида, дар яхдон бо ҳарорати паст  муддати 12 рӯз нигоҳ медоранд. Пас аз нигоҳ доштан баргҳо шулламонанд  мешаванд ва онҳоро бо таносуби 100 грам баргҳои сабр, 100 грам равғани маска, 100 грам асал омехта мекунанд. Ба миқдори 1 қошуқ 2 – 3 маротиба пеш аз хӯрок дар давоми 1 моҳ қабул мекунанд.

БОБУНА

Барои табобат гулҳои бобунаро истифода мебаранд. Бобуна аз равғанҳои эфирӣ бой буда, ин равғанҳо таъсири ифоданоки зиддиилтиҳобӣ мерасонанд,  ғайр аз ин барқароршавии пӯст ва луобпардаҳоро баъди осеб дидан метезонанд, реаксияҳои ҳассосиро суст карда, дардро паст мекунанд.

Бобуна ягона растаниест, ки барои пешгирии шамолхурӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон онро ҳомиладорон бе ягон монеа истифода бурда метавонанд.

Тарзи истифодабарӣ.

Гулҳои бобунаро ҳамчун чой дам мекунанд. Барои ин 1 қошуқ гулҳои хушки бобунаро гирифта, аз болояш 250 мл оби ҷӯшида мерезанд, 20 дақиқа дам дода, меполанд. Дар давоми рӯз 1 қошуқӣ ҳамаи онро истеъмол мекунанд.

ЧИСТОТЕЛ

Дар табобат пояҳо, баргҳо, гулҳо ва фишурдаи ин гиёҳро истифода мебаранд.

Чистотел аз каротин, витамини С ва алкалоидҳо бой аст. Алкалоидҳо – моддаҳои махсус буда, дар консентратсияи калон заҳрноканд, лекин дар миқдори кам таъсири дардпасткунанда ва зиддибактериявӣ мерасонанд. Инро ҳангоми табобат дар назар доштан лозим аст.

Барои баланд кардани масъуният чистотелро танҳо истифода намебаранд, чунки таъсирбахшӣ танҳо дар омехтагӣ бо дигар гиёҳҳо мушоҳида карда мешавад.

Омехтаи гиёҳҳоро аз ҳосили хушккардашуда тайёр менамоянд.

Тарзи тайёр кардан: 1 қошуқ алафи чистотел, 1 қошуқ пудина, 1 қошуқ тахач ва 1 қошуқ тухми сиёҳдонаро хуб омехта карда, ба зарфи шишагин ҷойгир мекунанд.

2 қошуқи онро дар 1 стакон бо оби ҷӯшида дам карда, 15 дақиқа нигоҳ доштан лозим аст. Пас аз он хунук карда, полида ба миқдори 250 мл бо оби ҷӯшида истеъмол менамоянд. Дар давоми рӯз 3 – 4 маротиба истеъмол кардан лозим аст. Давомнокии табобат 2 ҳафта.

Ба ғайр аз ин, гули ҳамешабаҳор (календула), барги зуф, меваҳои гулхор ё хуч, алафи чистотел масъуниятро баланд менамоянд. Ашёи ин растаниҳоро дар 1 стакон оби ҷӯшида дам карда, пас аз 1 соат истифода мебаранд, ба миқдори 1\3  стакон 3 – 4 маротиба дар давоми рӯз.

Истифодаи мумиё, асал ва муми занбӯр ё прополис барои мустаҳкам кардани неруи бадан хело таъсирбахш аст. Мумиёро ба миқдори 0.2 г 2 бор пагоҳирӯзӣ пеш аз хӯрок ва пеш аз хоб қабул кардан лозим аст. Хубтар аст, ки мумиёро дар шарбати сабр об карда (5 г дар 150 мл шарбати сабр) дар давоми 2 ҳафта 1 қошуқчагӣ 2 маротиба қабул кунанд. Пас аз 1-2 ҳафта боз табобатро такрор мекунанд.

Асалро дар вақти хӯрок хӯрдан 20 – 30 гр. 3 бор дар як шабонарӯз истеъмол  мекунанд.

Сибғаи аз прополис ҳосилшударо 20 чакрагӣ 3 бор дар давоми 1-2 ҳафтабо мӯмиё қабул мекунанд. Даври табобатро дар давоми сол 3 – 4 маротиба мегузаронанд.

М. Манишвар

Манбаъ: www.moh.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *