«Сафина» 15-сола шуд! Шабакаи телевизионие, ки марҳилаи нави рушди фарҳангро асос гузошт

2 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 15-умин солгарди Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Нахуст раиси Кумита Нуриддин Саид ҳозиринро ба ин санаи муҳими таърихӣ шодбош намуда, зикр дошт, ки телевизион ва радио дар низоми васоити ахбори омма ҷойгоҳи муносиб дошта, чун воситаи тавонои тарғибу ташвиқ ва василаи сареи иттилоърасон барои ташаккули афкори ҷомеа нақши калон доранд.

Беҳуда нест, ки мамолики қудратманд барои ба даст овардани манфиат аз имкониятҳои ин расонаҳо васеъ истифода мебаранд. Дар замони ҷаҳонишавӣ бо доштани имкониятҳои густурдаи дастрасӣ ва таъсиррасонӣ ҷойгоҳи телевизион ва радио дар ҷомеа нисбат ба дигар намудҳои ВАО бартарӣ доранд. Дар охири суханронии хеш раиси Кумита ба кормандони эҷодию техникии телевизиони “Сафина”, ҷиҳати дар сатҳи баланд инъикос гардидани соҳаҳои санъату фарҳанг изҳори миннатдорӣ намуда, ба онҳо дар идомаи фаъолияти касбияшон барору комёбиҳо таманно намуд.


Сипас тибқи фармоиши Раиси Кумитаи телевизизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 нафар кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои хизматҳои шоиста, маҳорати баланди касбӣ, тарбияи ғоявию ахлоқӣ, маънавии мардум ва бахшида ба 15-умин солгарди таъсисёбии телевизиони мазкур бо нишони сарисинагии “Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон”, «Ифтихорнома» ва “Сипосномаи”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”  3-юми сентябри соли 2005 бо  иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд.

Хуршеди Абдуалим

PS: Аҳли эҷоди радиои  “Тоҷикистон” ба муносибати 15-умин солгарди таъсисёбии  ТВ “Сафина” кормандони ин даргоҳи илму фарҳангро табрик намуда, ба фаъолияти сермаҳсули ояндаашон муваффқият мехоҳанд. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *