Ин нукта имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид. Ин ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат, раиси Ситод Қоҳир Расулзода баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар додааст.
Дар ҷаласа Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он дар қаламрави мамлакат вобаста ба пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ, конфронсу нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.
Сайругашти мардум дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳои истироҳатӣ танҳо бо назардошти риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ва риояи қатъии талаботи фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.
Бо назардошти паҳншавии босуръати мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намуда, ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намоянд.